Натиҷаи қазияи «помидор» дар Кулоб: 3 ҳабси маъмурӣ ва 7 ҷарима

Чанде қабл дар толори суди шаҳри Кӯлоб қазияи пурсарусадои ҳамла ба раиси ҲНИТ Муҳиддин Кабирӣ дар ин шаҳр бо помидору тухми мурғ бо муҷозоти «майдааавбошон» анҷом пазируфт. Тавре ба «Азия-Плюс» як манбаъ аз суди шаҳр хабар дод, барои риоя накардани талаботи моддаи 460 (майдаавбошӣ)-и Кодекси маъмурии ҶТ шуъбаи маҳаллии корҳои дохилӣ нисбати 10 нафар ҳамчун […]

Турко Дикаев



Чанде қабл дар толори суди шаҳри Кӯлоб қазияи пурсарусадои ҳамла ба раиси ҲНИТ Муҳиддин Кабирӣ дар ин шаҳр бо помидору тухми мурғ бо муҷозоти «майдааавбошон» анҷом пазируфт.

Тавре ба «Азия-Плюс» як манбаъ аз суди шаҳр хабар дод, барои риоя накардани талаботи моддаи 460 (майдаавбошӣ)-и Кодекси маъмурии ҶТ шуъбаи маҳаллии корҳои дохилӣ нисбати 10 нафар ҳамчун афроди ба сӯи Кабирӣ помидору тухм партофта ва ҳамчунин шахсони монеъаэҷодкун аз ҳисоби намояндагони «ҷавонон»-и Кӯлоб мавод таҳия намуд.

Ба гуфтаи манбаъ, дар натиҷа суд ба 3 нафар – шахсони бо помидору тухм ба раиси ҲНИТ ҳамлакарда – Сафаралӣ Шарифов ва Бобохон Сафаров ва ҳамчунин намояндаи «ҷавонони Кулоб Насрулло Раҷабов» ҳабси маъмурӣ ба муҳлати 5 шабонарӯз ва ба ҳафт нафари дигар, аз ҷумла як зан, ҷаримаи маъмурӣ дар ҳаҷми 280 сомонӣ барои ҳар кадоме ҷазо таъин кард.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Миёни онҳо метавон аз ширкатҳое чун J.P. Morgan, Loomis Sayles & Company, Morgan Stanley Investment Management ва Global Evolution ном бурд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 26 майи соли 2026

Аз зиндони шудани Хуршед Фозилов то рӯзи вакилони дифоъ дар Тоҷикистон.

Нисор Муҳаммад кист ва барои халқи тоҷик чӣ хидмат кардааст?

Ӯ яке аз вазирони маорифи Тоҷикистони шӯравӣ буд.

Худкушии як марди 60 – сола дар ноҳияи Ҷаббор Расулов

Ӯ “дар саҳни ҳавлӣ бо корд гарданашро буридааст”.

Дар Панҷакент бозори марказии нав ба кор оғоз кард

Он баъди сӯхтори бозори пешини "Гулистон"-и шаҳр сохта шуд.

Қарзи берунаи Тоҷикистон дар се моҳ $170 млн кам шудааст

То 1-уми апрели соли равон қарзи хориҷии Тоҷикистон 2,8 млрд долларро ташкил медиҳад.

“Wildberries” соҳибкорони Тоҷикистонро ба вохӯрии тиҷоратӣ даъват мекунад

Рӯзи 1-уми июни соли 2026 дар Душанбе вохӯрии тиҷоратии “Wildberries E-Commerce Meetup” барои соҳибкорон, истеҳсолкунандагон ва намояндагони тиҷорати хурду миёнаи Тоҷикистон баргузор мешавад.

Вазорати дифоъ гуфт, нақшаи даъват ба артиш пурра иҷро шудааст

Вазорати мудофиаи Тоҷикистон эълон кард, ки нақшаи баҳории ҷалби...