Суғд: Ҳукми 12 соли зиндон барои кӯшиши таҷовуз ба номуси духтари 8-сола

Дар мурофиаи судии сайёри коллегия оид ба парвандахои ҷиноятии суди вилояти Суғд дар шаҳри Конибодом сокини 21-сола Расул Эргашев барои кӯшиши таҷовуз ба номуси духтари 8-сола ба 12 соли зиндони низомаш шадид маҳкум шуд. Тавре аз суди вилояти Суғд хабар доданд, суд Расул Эргашевро дар содир намудани ҷиноятҳо мутобиқи моддаҳои 32, қ. 3 (Тайёрӣ ба […]

Мавлуда Рафиева



Дар мурофиаи судии сайёри коллегия оид ба парвандахои ҷиноятии суди вилояти Суғд дар шаҳри Конибодом сокини 21-сола Расул Эргашев барои кӯшиши таҷовуз ба номуси духтари 8-сола ба 12 соли зиндони низомаш шадид маҳкум шуд.

Тавре аз суди вилояти Суғд хабар доданд, суд Расул Эргашевро дар содир намудани ҷиноятҳо мутобиқи моддаҳои 32, қ. 3 (Тайёрӣ ба ҷиноят, суисқасди ҷиноят) ва моддаи 138, қ. 3, банди «а» (Таҷовуз ба номус нисбат ба духтари баръало ба синни чордаҳсолагӣ нарасида)-и КҶ Тоҷикистон гунаҳкор эътироф намудааст.

«Исбот карда шуд, ки Р.Эргашев қарибиҳои шоми санаи 19-уми марти соли ҷорӣ дар ҳолати мастӣ назди даромадгоҳ духтари 8-солаеро мебинад, ки модараш дар Русия будаасту дар ҳамсоягӣ бо бибиаш мезистааст. Ӯ бо роҳи фиреб духтарро ба хонаи худаш оварда, нияти таҷовуз ба номусашро доштааст, вале ин замон хоҳари Р.Эргашев ҳозир шуда, духтарро назди бибиаш мебарад ва ӯ ин ҳодисаро ба модаркалонаш ҳикоят мекунад», – гуфтанд дар суди вилоятӣ.

Зимнан зикр гардид, ки ҳукм ҳоло мавриди амал қарор нагирифта, аз болои он шикоят бурдан имконпазир аст. 

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Aura

Ахбори тоза

Дар Тоҷикистон чанд собиқадори Ҷанги Бузурги Ватанӣ боқӣ мондааст?

Теъдоди онҳо дар кишварҳои Осиёи Марказӣ чӣ қадар аст?

Арзиши рекордии алюминий. Чӣ гуна Тоҷикистон метавонад аз гаронии нарх истифода барад?

Кишвар ният дорад, ҳаҷми истеҳсол ва содироти ин металлро зиёд кунад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 73

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Дар се моҳи соли 2026 иқтисоди Тоҷикистон 8% рушд кардааст

Муҳаррикҳои асосӣ бахши кишоварзӣ, саноат ва сохтмон боқӣ мондаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 23 апрели соли 2026

Аз зодрӯзи Абдуҷаббор Азизиву Қурбоналӣ Абдулло то Рӯзи ҷаҳонии китоб ва ҳуқуқи муаллифӣ.

Парвоз дар масири Машҳад – Душанбе – Машҳад пас аз ҷанг дар Эрон азсар гирифта мешавад

Аввалин парвоз ҳамин ҳафта ва аз сӯйи ширкати “Вориш” сурат мегирад.

Кадом маҳсулот дар Тоҷикистон аз оғози сол гарон шуд?

Масалан, нархҳо ба хидматрасонии пулакӣ ба андозаи 3,4% боло рафтанд.