Ҷаласаи Шӯрои ҳамоҳангсозии фаъолияти намояндагиҳои расмии Тоҷикистон дар Русия

Ахиран дар шаҳри Москва ҷаласаи Шӯрои ҳамоҳангсозии фаъолияти намояндагиҳои расмии вазорату идораҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия баргузор гардид. Тавре намояндаи расмии сафорати Тоҷикистон дар Русия Муҳаммад Эгамзод хабар дод, ҷаласаи мазкурро сафири кишвар Имомуддин Сатторов оғоз бахшида, дар бораи Шӯро, ҳадафҳои он ва вазифаҳои дарпешистода суханронӣ намуд. Дар ҷаласа ба ба масъалаҳои вазъи муҳоҷирони […]

ASIA-Plus


Ахиран дар шаҳри Москва ҷаласаи Шӯрои ҳамоҳангсозии фаъолияти намояндагиҳои расмии вазорату идораҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия баргузор гардид.

Тавре намояндаи расмии сафорати Тоҷикистон дар Русия Муҳаммад Эгамзод хабар дод, ҷаласаи мазкурро сафири кишвар Имомуддин Сатторов оғоз бахшида, дар бораи Шӯро, ҳадафҳои он ва вазифаҳои дарпешистода суханронӣ намуд. Дар ҷаласа ба ба масъалаҳои вазъи муҳоҷирони меҳнатии ватанӣ, ҳимояи манфиатҳои миллӣ ва мусоидат ба эҷоди симои мусбати Тоҷикистон дар Россия, ки яке аз масъалаҳои марказӣ дар сиёсати ҳукумати кишвар ба ҳисоб меравад, таваҷҷуҳи зиёд зоҳир карда шуд.

Сафири кишвар қайд намуд, ки Россия ва Тоҷикистон шарики стратегӣ буда, ҳарду кишвар дар як фазои сиёсиву иқтисодӣ қарор доранд. Илова бар ин таъкид гардид, ки заминаи ҳуқуқии ҳамкорӣ дар самтҳои мухталиф бо кишвари иқомат дар тӯли муносибатҳои дуҷониба гузошта шудааст ва аз ин имкониятҳо бояд васеъ истифода бурда шаванд.

Илова бар ин, таъкид гардид, ки намояндагиҳои расмии вазорату идораҳои кишвар ҳамкории зичро бо мақомотҳои дахлдори кишвари иқомат ба роҳ монда, ҷиҳати татбиқи сиёсати роҳбарияти кишвар ва иҷрои вазифахои дарпешистода чораҳои зарурӣ андешанд. Пеш аз ҳама фаъолияти намояндагиҳои расмӣ дар қаламрави кишвари иқомат ҳатман бо Сафорат ҳамоҳанг шуда, оиди фаъолияташон сафоратро дар ҷараён гузоранд.

Чӣ тавре ки қайд гардид, то охири соли ҷорӣ баргузории ду ҷашни миллии Тоҷикистон (Иди Ваҳдати миллӣ ва ҷашни истиқлолияти давлатӣ) дар шаҳри Москва ба нақша гирифта шудааст ва аз ин рӯ, аз намояндагиҳои расмӣ даъват карда шуд, ки дар ин чорабиниҳо фаъолона иштирок намоянд.

Дар бахши хотимавии ҷаласа намояндагиҳои расмии вазорату идораҳои ҷумҳурӣ аз иқдомҳои сафири кишвар изҳори хушӣ карда, масъалаи мақоми дипломатӣ додан ба онҳо ва ҷойгиркунии намояндагиҳо дар меҳмонхонаи ҳукуматиро ба миён гузоштаанд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Афзоиши теъдоди муҳоҷирон аз Тоҷикистон дар Лаҳистон

Дар 3 моҳи соли 2026 ин кишвар ба ҳудуди 6 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон иҷозатномаи кор додааст.

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Раиси Кумитаи сармоягузории Тоҷикистон бо намояндагони ширкатҳои "J.P. Morgan", "Loomis Sayles & Company", "Morgan Stanley Investment Management" ва "Global Evolution" ном бурд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 26 майи соли 2026

Аз зиндони шудани Хуршед Фозилов то рӯзи вакилони дифоъ дар Тоҷикистон.

Нисор Муҳаммад кист ва барои халқи тоҷик чӣ хидмат кардааст?

Ӯ яке аз вазирони маорифи Тоҷикистони шӯравӣ буд.

Худкушии як марди 60 – сола дар ноҳияи Ҷаббор Расулов

Ӯ “дар саҳни ҳавлӣ бо корд гарданашро буридааст”.

Дар Панҷакент бозори марказии нав ба кор оғоз кард

Он баъди сӯхтори бозори пешини "Гулистон"-и шаҳр сохта шуд.

Қарзи берунаи Тоҷикистон дар се моҳ $170 млн кам шудааст

То 1-уми апрели соли равон қарзи хориҷии Тоҷикистон 2,8 млрд долларро ташкил медиҳад.