Талаби 10 соли зиндон ба фелдшери гумонбар ба лату кӯби сарбоз

Муовини прокурори ҳарбии гарнизони Душанбе Дилшод Исломов, ки ба ҳайси айбдоркунанда дар суд оид ба парвандаи лату кӯби сарбоз Шаҳбол Мирзоев ифои вазифа мекунад, аз суд дархост намуд, ки айбдоршаванда – фелдшери қисми низомии 2620 Усмон Ғайратов ба 10 соли зиндони низомаш шадид маҳкум шуда, ҳамчунин аз ӯ ба фоидаи даъвогар дар ҳаҷми 300 нишондиҳандаи […]

Мавзуна Абдуллоева



Муовини прокурори ҳарбии гарнизони Душанбе Дилшод Исломов, ки ба ҳайси айбдоркунанда дар суд оид ба парвандаи лату кӯби сарбоз Шаҳбол Мирзоев ифои вазифа мекунад, аз суд дархост намуд, ки айбдоршаванда – фелдшери қисми низомии 2620 Усмон Ғайратов ба 10 соли зиндони низомаш шадид маҳкум шуда, ҳамчунин аз ӯ ба фоидаи даъвогар дар ҳаҷми 300 нишондиҳандаи ҳисоб (12 ҳазор сомонӣ) товони зарар ҷуброн карда шавад.

Дар ҷараёни мурофиаи судӣ айбдоркунандаи давлатӣ зикр кард, ки ӯ Усмон Ғайратовро дар содир намудани ҷингят мутобиқи моддаҳои  373, қ. 2, б. «п» (Вайрон  кардани қоидаҳои оинномавии муносибатҳои байниҳамдигарии хизматчиёни  ҳарбӣ  дар  ҳолати   набудани тобеияти хизматӣ дар байни онҳо) ва 127, қ. 1 (Дар хатар монондан)-и КҶ ҶТ гунаҳкор мешуморад.

Нисбати фелдшери қисми низомии тиббии воқеъ дар қисми ҳарбии ноҳияи Рӯдакӣ Гулрафтор Ширинова тибқи моддаҳои 392 (Муносибати хунукназарона  ба хизмат) ва 380 (Вайронкунии қоидаҳои оинномавии ба ҷо овардани хизмати дохилӣ ва гардиши посбонон дар гарнизон)-и КҶ ҶТ айбномаҳо пешниҳод шуданд. Айбдоркунандаи давлатӣ тақозо намуд, ки аз музди меҳнати Ширинова муддати ду сол 15%-и маблағ ба фоидаи давлат пардохт карда шавад.

Ёдрас мекунем, ки Ярлин Ҷавлон, ҳамхизмати Шаҳбол Мирзоев, рӯзи 9-уми июн зимни баёнот додан дар суд ба сифати шоҳид далели лату кӯби сарбоз аз ҷониби фелдшер Усмон Ғайратовро

тасдиқ кард.

Дар ҷараёни ин мурофиа Ғайратов қисман ба гуноҳаш иқрор шуда изҳор кард, ки «ман Шаҳболро лату кӯб накардаам, танҳо ӯро ба гӯштигирӣ даъват намудам».

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Афзоиши теъдоди муҳоҷирон аз Тоҷикистон дар Лаҳистон

Дар 3 моҳи соли 2026 ин кишвар ба ҳудуди 6 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон иҷозатномаи кор додааст.

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Раиси Кумитаи сармоягузории Тоҷикистон бо намояндагони ширкатҳои "J.P. Morgan", "Loomis Sayles & Company", "Morgan Stanley Investment Management" ва "Global Evolution" ном бурд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 26 майи соли 2026

Аз зиндони шудани Хуршед Фозилов то рӯзи вакилони дифоъ дар Тоҷикистон.

Нисор Муҳаммад кист ва барои халқи тоҷик чӣ хидмат кардааст?

Ӯ яке аз вазирони маорифи Тоҷикистони шӯравӣ буд.

Худкушии як марди 60 – сола дар ноҳияи Ҷаббор Расулов

Ӯ “дар саҳни ҳавлӣ бо корд гарданашро буридааст”.

Дар Панҷакент бозори марказии нав ба кор оғоз кард

Он баъди сӯхтори бозори пешини "Гулистон"-и шаҳр сохта шуд.