Сафари вазири корҳои хориҷӣ ба Қазоқистон анҷом ёфт

Санаи 16-уми июни соли равон сафари расмии Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷидин Аслов ба Қазоқистон анҷом ёфт. Бино ба иттилои Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ, дар доираи сафар Вазири корҳои хориҷиро Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Карим Масимов ба ҳузур пазируфт, инчунин мулоқотҳои Сироҷиддин Аслов бо Вазири корҳои хориҷии Қазоқистон Ерлан Идрисов ва Ҳамраиси Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону […]

ASIA-Plus



Санаи 16-уми июни соли равон сафари расмии Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷидин Аслов ба Қазоқистон анҷом ёфт.

Бино ба иттилои Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ, дар доираи сафар Вазири корҳои хориҷиро Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Карим Масимов ба ҳузур пазируфт, инчунин мулоқотҳои Сироҷиддин Аслов бо Вазири корҳои хориҷии Қазоқистон Ерлан Идрисов ва Ҳамраиси Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Қазоқистон оид ба ҳамкориҳои иқтисодӣ, Вазири ҳифзи табиат ва захираҳои оби Ҷумҳурии Қазоқистон Нурлан Каппаров доир гардиданд.

Дар рафти мулоқот ҷонибҳо вазъ ва дурнамои ҳамкориҳои дуҷонибаро муҳокима карда, оид ба масъалаҳои мубрами байналмилалӣ ва минтақавӣ табодули афкор намуданд. Ҳамчунин тарафҳо ҷанбаҳои сиёсии ҳамкориҳои мутақобиларо дар доираи созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ мавриди баррасӣ қарор доданд.

Мусоҳибон мавқеи ҳамсон баён доштанд, ки робитаҳои Тоҷикистону Қазоқистон дар пояи усулҳои эътимод, якдигарфаҳмӣ ва ҳамкории шарикӣ асос ёфта, дар тавсеаи ин муносибатҳо муколамаи сиёсӣ дар сатҳи олӣ нақши муҳимро мебозад.

Ҷонибҳо аҳамияти фаъолияти Комиссияи муштараки байниҳукуматии Тоҷикистону Қазоқистон оид ба ҳамкориҳои тиҷоратию иқтисодӣ ва илмию техникиро дар густариши робитаҳо дар соҳаҳои нақлиёт, саноат, энергетика, маориф ва фарҳанг изҳор намуда, зарурати истифодаи васеи иқтидори кишварҳоро барои рушди минбаъдаи муносибатҳои дуҷонибаи иқтисодӣ таъкид сохтанд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Афзоиши теъдоди муҳоҷирон аз Тоҷикистон дар Лаҳистон

Дар 3 моҳи соли 2026 ин кишвар ба ҳудуди 6 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон иҷозатномаи кор додааст.

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Раиси Кумитаи сармоягузории Тоҷикистон бо намояндагони ширкатҳои "J.P. Morgan", "Loomis Sayles & Company", "Morgan Stanley Investment Management" ва "Global Evolution" ном бурд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 26 майи соли 2026

Аз зиндони шудани Хуршед Фозилов то рӯзи вакилони дифоъ дар Тоҷикистон.

Нисор Муҳаммад кист ва барои халқи тоҷик чӣ хидмат кардааст?

Ӯ яке аз вазирони маорифи Тоҷикистони шӯравӣ буд.

Худкушии як марди 60 – сола дар ноҳияи Ҷаббор Расулов

Ӯ “дар саҳни ҳавлӣ бо корд гарданашро буридааст”.

Дар Панҷакент бозори марказии нав ба кор оғоз кард

Он баъди сӯхтори бозори пешини "Гулистон"-и шаҳр сохта шуд.