Суғд: Ҳукми 12 соли зиндон барои кӯшиши таҷовуз ба номуси духтари 8-сола



Дар мурофиаи судии сайёри коллегия оид ба парвандахои ҷиноятии суди вилояти Суғд дар шаҳри Конибодом сокини 21-сола Расул Эргашев барои кӯшиши таҷовуз ба номуси духтари 8-сола ба 12 соли зиндони низомаш шадид маҳкум шуд.

Тавре аз суди вилояти Суғд хабар доданд, суд Расул Эргашевро дар содир намудани ҷиноятҳо мутобиқи моддаҳои 32, қ. 3 (Тайёрӣ ба ҷиноят, суисқасди ҷиноят) ва моддаи 138, қ. 3, банди «а» (Таҷовуз ба номус нисбат ба духтари баръало ба синни чордаҳсолагӣ нарасида)-и КҶ Тоҷикистон гунаҳкор эътироф намудааст.

«Исбот карда шуд, ки Р.Эргашев қарибиҳои шоми санаи 19-уми марти соли ҷорӣ дар ҳолати мастӣ назди даромадгоҳ духтари 8-солаеро мебинад, ки модараш дар Русия будаасту дар ҳамсоягӣ бо бибиаш мезистааст. Ӯ бо роҳи фиреб духтарро ба хонаи худаш оварда, нияти таҷовуз ба номусашро доштааст, вале ин замон хоҳари Р.Эргашев ҳозир шуда, духтарро назди бибиаш мебарад ва ӯ ин ҳодисаро ба модаркалонаш ҳикоят мекунад», – гуфтанд дар суди вилоятӣ.

Зимнан зикр гардид, ки ҳукм ҳоло мавриди амал қарор нагирифта, аз болои он шикоят бурдан имконпазир аст. 

spot_imgspot_img

Популярное