Давъати донишҷӯёни макотиби олии хориҷӣ ҷиҳати озод кардани Александр Содиқов

Дар шабакаи интернет ба унвони раиси КДАМ ҶТ Саймӯмин Ятимов номаи кушоди донишҷӯён ва хатмкардагони макотиби олии кишварҳои хориҷӣ интишор шуд, ки аз тақдири Александр Содиқов изҳори нигаронӣ мекунанд. Дар зер матни пурраи номаи кушодро манзуратон мегардонем: «Мо, як гурӯҳ донишҷӯён ва хатмкардагони мактабҳои олии хориҷӣ аз тақдири дӯст ва ҳамсафамон Алескандр Содиқов дар ташвишем, […]

ASIA-Plus



Дар шабакаи интернет ба унвони раиси КДАМ ҶТ Саймӯмин Ятимов номаи кушоди донишҷӯён ва хатмкардагони макотиби олии кишварҳои хориҷӣ интишор шуд, ки аз тақдири Александр Содиқов изҳори нигаронӣ мекунанд.

Дар зер матни пурраи номаи кушодро манзуратон мегардонем:

«Мо, як гурӯҳ донишҷӯён ва хатмкардагони мактабҳои олии хориҷӣ аз тақдири дӯст ва ҳамсафамон Алескандр Содиқов дар ташвишем, ки санаи 16-уми июни соли 2014 аз ҷониби ниҳодҳои интизомии Тоҷикистон дар шаҳри Хоруғ боздошт шуд. Боиси нигаронии зиёд аст, ки фаъолияти Александр Содиқов, ки ба омӯзиши таҷрибаи мусбати кишварҳои Осиёи Марказӣ дар ҳалли низоъҳо нигаронида шудааст, аз ҷониби мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Тоҷикистон ҳамчун далели ҷосусӣ ба манфиати кишвари дигар арзёбӣ гардид.

Дар бораи даст надоштани Александр ба кадом як фаъолияти тахрибкориву иктишофӣ натанҳо фаъолияти кушоди касбии ӯ оид ба инъикоси рӯйдодҳои гуногун дар Тоҷикистон дар интернет, балки корҳои илмӣ ва маърӯзаҳояш низ гувоҳӣ медиҳанд. Гузашта аз ин, бино ба маълумоти профессор Хизершоу аз Донишгоҳи Экситер (Британияи Кабир), бобати баргузории таҳқиқоти аз ҷониби шӯрои олимони донишгоҳ маъқулшуда тамоми ҳуҷҷатҳои зарурии тасдиқкунанда мавҷуданд.

Бо истиқбол аз саъйу талоши ҳукумати Тоҷикистон дар бунёди ҷомеаи кушоду демократӣ мо зикр карданием, ки раванди мазкур ҳамчунин табодули озоди афкор, маълумо т ва донишро ҳам дар назар дорад. Чунин табодул бидуни иштироки намояндагонии  доираҳои илмӣ ва маориф, ки шаҳрванди Тоҷикистон Александр Содиқов аз зумраи онҳост, ғайриимкон аст.

Боздошти Александр Содиқов моро маҷбур месозад, ки дар кори илмӣ ва фаъолияти касбиамон худро беҳимоя ва осебпазир эҳсос кунем. Мо мудом кӯшиш мекунем, ки дониш ва қобилиятҳои андӯхтаамонро баҳри рушду шукуфоии кишвар истифода намоем. Шумори ниҳоят зиёди шаҳрвандони Тоҷикистон, ки дар хориҷи кишвар маълумот мегиранд, ба Ватан баргашта, дар рушди бахшҳое чун маорифу иқтисод, тандурустӣ ва ғайра саҳми босазо мегузоранд.

Дар робита ба гуфтаҳои боло, мо, донишҷӯён ва хатмкардагони мактабҳои олии хориҷӣ, аз мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Тоҷикистон дархост мекунем, ки ҷомеаро аз тақдири Александр Содиқов огоҳ сохта, ҷиҳати озодии ӯ тамоми тадбирҳоро биандешанд. Мо ҳамчунин умедворем, ки боздошти ҳамкори мо, ки олим аст, ҳодисаи ягонаи амалҳои шитобкоронаи ниҳодҳои интизомӣ аст.

Ҳамчунин бо ин нома мо ҳамчун намояндагони илму маориф аз раҳбарият кишвар дархост дорем, таҳқиқоте, ки аз ҷониби донишҷӯёни мактабҳои олии хориҷӣ ва миллӣ дар Тоҷикистон анҷом дода мешаванд, дастгирӣ карда шаванд».

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Aura

Ахбори тоза

Оҷонсии зиддифасод мудир ва сармуҳосиби Маркази саломатии №2 дар Кӯлобро ба тасарруфи беш аз 233 ҳазор сомонӣ пули беҷет айбдор мекунад

Гумонбари асосии ин қазия роҳбари як корхона аст, ки марказҳои тиббиро бо таҷҳизоту лавозимот таъмин мекард.

Маҳдудиятҳои аврупоӣ нисбат ба ҶСК “Коммерсбонки Тоҷикистон” бекор карда шуданд

Маҳдудиятҳои аврупоӣ, ки қаблан нисбат ба ҶСК "Коммерсбонк Тоҷикистон" амал мекарданд, расман бекор гардиданд.

Тоҷикистони рақамӣ: аз онлайн-хадамот то иқтисоди нав

Равандҳое, ки қаблан чандин бор ҳузури шахсиро талаб мекарданд, акнун фосилавӣ иҷро мешаванд, ки хароҷотро ба таври назаррас кам мекунанд.

Боздошти як хушдоман бо гумони ба марг расонидани келинаш

ВКД мегӯяд, келини ҷавон ба ҷабру зулми хушдоманаш тоб наоварда, худро ба дарёи “Зарафшон” партофта, ҷон бохтааст.