Дар ҷараёни баргузории чорабиниҳои иовагии фаврӣ-ҷустуҷӯӣ кормандони милиса боз як иштирокчии ҳодисаи
«кордзании толибилмон»
-ро, ки бар асари он рӯзи 30-юми май Бурҳониддин Зарифови 17-сола ба ҳалокат расид, боздошт намуданд.
Сардори шуъбаи тафтишоти Раёсати ВКД ҶТ дар шаҳри Душанбе полковники милиса Баҳриддин Давлатбеков ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки ин боздоштшуда низ хонандаи мактаб аст. «Номи ӯ Комрон ва се рӯз қабл боздошт шуда буд», – гуфт Давлатбеков ва аз пешниҳоди маълумоти дигар дар бораи боздоштшуда худдорӣ варзид.
Тафтиши ҳодисаи куштори Бурҳониддин Зарифов идома дорад. Гунаҳкори асосӣ дар куштори толибилми мактаб
бар асари кордкашӣ
дар Душанбе – Бобоҷон Ҳомидови 17-сола ба гуноҳаш иқрор шуда, дар ҳабс қарор дорад. Аз рӯи далел мазкур мутобиқи моддаҳои 110, қ. 3 (Қасдан расонидани зарари вазнин ба саломатӣ, ки боиси фавти ҷабрдида гардида бошанд) ва 237, қ. 3 (Авбошӣ) парвандаи ҷиноӣ боз шудаааст. Айни замон 13 нафар иштирокчиёни ҳодиса боздошт шудаанд.



