Миннатдории Вазорати фарҳанг аз кормандони фурудгоҳи Душанбе

Ба унвони роҳбарияти фурудгоҳи байналмилалии Душанбе аз Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон мактуб ворид гардид, ки дар он Директори генералии Муассисаи Давлатии сафарию ҳунарии «Базморо» Олимҷон Акрамов ба кормандони фурудгоҳи Душанбе миннатдории худро иброз доштааст. Бино ба иттилои сухангӯи Фурудгоҳи байнулмилалии Душанбе Муҳаммадюсуф Шодиев, дар мактуб омадааст, ки таърихи 23-30 майи соли 2014 «Рӯзҳои фарҳанги маънавии […]

ASIA-Plus



Ба унвони роҳбарияти фурудгоҳи байналмилалии Душанбе аз Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон мактуб ворид гардид, ки дар он Директори генералии Муассисаи Давлатии сафарию ҳунарии «Базморо» Олимҷон Акрамов ба кормандони фурудгоҳи Душанбе миннатдории худро иброз доштааст.

Бино ба иттилои сухангӯи Фурудгоҳи байнулмилалии Душанбе Муҳаммадюсуф Шодиев, дар мактуб омадааст, ки таърихи 23-30 майи соли 2014 «Рӯзҳои фарҳанги маънавии Федератсияи Россия» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид, ки дар он зиёда аз 40 нафар аҳли фарҳангу ҳунари Россия иштирок намуданд. Олимҷон Акрамов аз ҷумла иброз доштааст: -«…Кормандони мақомот ва хизматрасониҳои мухталиф ҷиҳати пешвозгирӣ ва гусели меҳмонони чорабинӣ аз худ намунаи баланди масъулиятнокӣ ва одоби ҳамидаи касбӣ нишон доданд. Хизматрасонии кормандони фурудгоҳи Душанбе аз ҷониби меҳмонон хуш пазируфта шуд, ки ин боиси фахри ҳар яки мо мебошад».

Гуфта мешавад, вобаста ба мавзӯи одоб ва рафтор дар фурудгоҳи Душанбе бо дарки масъулият метавон гуфт, ки солҳои охир сатҳи хизматрасонӣ ба мусофирон, меҳмонони хориҷӣ, ҳайатҳои расмӣ, сайёҳоне, ки ба кишвар ворид мегарданд, куллан дигар шудааст. Аз ҷониби роҳбарияти фурудгоҳ дастурамали махсус оид ба «Одоби муошират»-и кормандони фурудгоҳ бо мусофирон ҷорӣ карда шуда, кормандон муваззаф гардиданд, ки дар рафтору гуфтор бо мусофирон мутобиқи дастурамал рафтор намоянд. 

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.