Мусодираи ҳудуди 3 кило ҳашишу героин дар Хуҷанд



Шабонарӯзи сипаригашта кормандони Раёсати Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти ҶТ дар вилояти Суғд аз гардиши ғайриқонунӣ маводи нашъаоварро мусодира намуданд.

Бино ба иттилои шуъбаи робита бо ҷоемаи Агентӣ, рӯзи 24-уми июн дар шаҳри Хуҷанд сокини 37-солаи маҳаллӣ дастгир карда шуд, ки кормандони оперативӣ аз ӯ халтаи сеофаниро бо ҳашиш ошкор намуданд.

«Рӯзи дигар дар хонаи дастгиршуда кофтуков гузаронида шуд. Аз дохили қубури обгузари ҳуҷраи ташноб махфигоҳ ошкор гардид, ки дар дохили он маводи нашъаовар пинҳон карда шуда буд», – омадааст дар маълумоти Агентӣ.

Гуфта мешавад, мутобиқи хулосаи экспертиза маводи нашъаовари ошкоршуда қариб 3 кг ҳашиш ва героин мебошад.

Зимнан зикр мегардад, ки аз рӯи ҳодисаи мазкур парвандаи ҷиноӣ оғоз гардида, тафтишот давом дорад.

spot_imgspot_img

Популярное