Оғози кори ярмаркаи минтақавии «Суғд-2014» дар Хуҷанд

Дар шаҳри Хуҷанд ярмаркаи минтақавии савдо таҳти унвони «Суғд-2014» ба кор оғоз намуд. Бино ба иттилои хадамоти матбуоти раиси вилояти Суғд, ин ярмарка бо мақсади муаррифии маҳсулоти соҳаҳои саноату кишоварзии вилоят ва ба роҳ мондани ҳамкориҳои тарафайн бо соҳибкорону ширкатҳои давлатҳои хориҷӣ сурат мегирад. Ба иттилои манбаъ, дар ярмарка беш аз 60 корхонаи саноатии вилоят […]

ASIA-Plus



Дар шаҳри Хуҷанд ярмаркаи минтақавии савдо таҳти унвони «Суғд-2014» ба кор оғоз намуд.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти раиси вилояти Суғд, ин ярмарка бо мақсади муаррифии маҳсулоти соҳаҳои саноату кишоварзии вилоят ва ба роҳ мондани ҳамкориҳои тарафайн бо соҳибкорону ширкатҳои давлатҳои хориҷӣ сурат мегирад.

Ба иттилои манбаъ, дар ярмарка беш аз 60 корхонаи саноатии вилоят маҳсулоти хешро аз қабили ҳунарҳои анъанавии дастӣ дар мисоли сӯзанидӯзию гилембофӣ, кордсозию тоқидӯзӣ, сабадбофӣ, масолеҳи сохтмонӣ, либосҳо, нӯшокиҳои ташнашикан, таҷҳизоти электронӣ, дастовардҳои соҳаи алоқа ва бонкҳо, шириниҳо, маҳсулоти ширию гуштӣ, дару тирезаҳои пластикӣ, намунаи сабзавоту полезиҳо ва меваҷот пешниҳоди меҳмонон ва сокинони вилоят мегардонанд.

Зикр мегардад, ки ба ярмаркаи мазкур намояндагони беш аз 30 давлати ҷаҳон аз қабили Росия, Қазоқистон, Қирғизистон, Афғонистону Эрон, Покистон, Белгия, Олмону Латвия ва ғайра даъват шудаанд.

Гуфта мешавад, дар доираи ин ярмарка чорабиниҳои мухталиф, аз ҷумла форуми байналмилалӣ бо номи «Қудрати воридотӣ ва тиҷорати байналмилалӣ», вохӯрии ширкатҳои тиҷоратии ватанию хориҷӣ, қабули меморандум ва созишномаҳои тарафайни ҳамкорӣ ва ҷамъбасти озмуни “Маҳсулоти беҳтарини соли 2014” ба нақша гирифта шудаанд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.