Мусодираи ҳудуди 3 кило ҳашишу героин дар Хуҷанд

Шабонарӯзи сипаригашта кормандони Раёсати Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти ҶТ дар вилояти Суғд аз гардиши ғайриқонунӣ маводи нашъаоварро мусодира намуданд. Бино ба иттилои шуъбаи робита бо ҷоемаи Агентӣ, рӯзи 24-уми июн дар шаҳри Хуҷанд сокини 37-солаи маҳаллӣ дастгир карда шуд, ки кормандони оперативӣ аз ӯ халтаи сеофаниро бо ҳашиш ошкор намуданд. «Рӯзи дигар дар […]

ASIA-Plus



Шабонарӯзи сипаригашта кормандони Раёсати Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти ҶТ дар вилояти Суғд аз гардиши ғайриқонунӣ маводи нашъаоварро мусодира намуданд.

Бино ба иттилои шуъбаи робита бо ҷоемаи Агентӣ, рӯзи 24-уми июн дар шаҳри Хуҷанд сокини 37-солаи маҳаллӣ дастгир карда шуд, ки кормандони оперативӣ аз ӯ халтаи сеофаниро бо ҳашиш ошкор намуданд.

«Рӯзи дигар дар хонаи дастгиршуда кофтуков гузаронида шуд. Аз дохили қубури обгузари ҳуҷраи ташноб махфигоҳ ошкор гардид, ки дар дохили он маводи нашъаовар пинҳон карда шуда буд», – омадааст дар маълумоти Агентӣ.

Гуфта мешавад, мутобиқи хулосаи экспертиза маводи нашъаовари ошкоршуда қариб 3 кг ҳашиш ва героин мебошад.

Зимнан зикр мегардад, ки аз рӯи ҳодисаи мазкур парвандаи ҷиноӣ оғоз гардида, тафтишот давом дорад.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.