Тасдиқи созишномаи Тоҷикистону НАТО дар палатаи поёнии парлумон

Палатаи поёнии парлумони ҷумҳурӣ Созишнома байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Созмони Аҳдномаи Атлантикаи Шимолӣ (СААШ) ё худ НАТО дар бораи дастгирии кишвари қабулкунанда ба қӯшунҳои (нерӯҳои) СААШ ва ҳайати СААШ ва оид ба транзити қӯшунҳои (нерӯҳои) СААШ ва ҳайати СААШ-ро маъқул шуморид. Ба гуфтаи вакили парлумон Саттор Холов, созишномаи мазкур шартҳои транзити ҳайати шахсӣ ва техникаи […]

ASIA-Plus



Палатаи поёнии парлумони ҷумҳурӣ Созишнома байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Созмони Аҳдномаи Атлантикаи Шимолӣ (СААШ) ё худ НАТО дар бораи дастгирии кишвари қабулкунанда ба қӯшунҳои (нерӯҳои) СААШ ва ҳайати СААШ ва оид ба транзити қӯшунҳои (нерӯҳои) СААШ ва ҳайати СААШ-ро маъқул шуморид.

Ба гуфтаи вакили парлумон Саттор Холов, созишномаи мазкур шартҳои транзити ҳайати шахсӣ ва техникаи НАТО тариқи қаламрави Тоҷикистонро муайян мекунад. «Дар ин санад ҳамчунин шартҳои истифодаи иншооти зербино ва коммуникатсияи Тоҷикистон аз ҷониби НАТО низ зикр шуда, дар маҷмӯъ созишнома аз 18 банд иборат аст», – гуфт ӯ.

Ёдрас мекунем, ки баъди ташаннуҷи вазъ дар Покистон нерӯҳои НАТО барои хурӯҷ аз Афғонистон маҷбур шуданд, ки танҳо аз самти ба истилоҳ «хатсайри шимолӣ», яъне тариқи Тоҷикистон, Ӯзбекистон, Туркманистон, Қазоқистон, Русия ва минбаъд Аврупо истифода кунанд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Нисор Муҳаммад кист ва барои халқи тоҷик чӣ хидмат кардааст?

Ӯ аввалин вазири маорифи Тоҷикистон шӯравӣ буд ва дар саргаҳи таъсиси он қарор дошт.

Худкушии як марди 60 – сола дар ноҳияи Ҷаббор Расулов

Ӯ “дар саҳни ҳавлӣ бо корд гарданашро буридааст”.

Дар Панҷакент бозори марказии нав ба кор оғоз кард

Он баъди сӯхтори бозори пешини "Гулистон"-и шаҳр сохта шуд.

Қарзи берунаи Тоҷикистон дар се моҳ $170 млн кам шудааст

То 1-уми апрели соли равон қарзи хориҷии Тоҷикистон 2,8 млрд долларро ташкил медиҳад.

“Wildberries” соҳибкорони Тоҷикистонро ба вохӯрии тиҷоратӣ даъват мекунад

Рӯзи 1-уми июни соли 2026 дар Душанбе вохӯрии тиҷоратии “Wildberries E-Commerce Meetup” барои соҳибкорон, истеҳсолкунандагон ва намояндагони тиҷорати хурду миёнаи Тоҷикистон баргузор мешавад.

Вазорати дифоъ гуфт, нақшаи даъват ба артиш пурра иҷро шудааст

Вазорати мудофиаи Тоҷикистон эълон кард, ки нақшаи баҳории ҷалби...

Дастаи “Регар-ТадАЗ” аввалин бор дар таърихи худ барандаи Суперҷоми Тоҷикистон шуд

Ин вохӯрии чорум байни дастаҳои “Истиқлол” ва “Регар-ТадАЗ” буда, дар се бозии аввал душанбегиҳо пирӯз шуда буданд.

Чин барои навсозии зерсохтҳои гузаргоҳи Қулма ба Тоҷикистон мутахассис мефиристад

Ҳамчунин, Чин барои хариди таҷҳизоти озмоишӣ ба Тоҷикистон беш аз 1,3 миллион грант медиҳад.