Вазири нақлиёти Тоҷикистон Хайрулло Асозода бевосита бо рафти сохтмони роҳҳои мошингард дар ҷумҳурӣ шинос шуд.
Тавре ба «Азия-Плюс» аз Вазорати нақлиёти ҶТ хабар доданд, шиносоии Асозода бо сохтмони роҳи автомобилгарди Данғара-Кангурт оғоз гардида, сипас ӯ аз роҳи мошингарди Восеъ – Ховалинг ва сохтмони пули мошингузарои Кафтархон боздид кард.
Ба иттилои манбаъ, вазир ва ҳайати ҳамроҳони ӯ бо ҷараёни таъмиру сохтмони қитъаҳои роҳҳои мошингради Душанбе-Хоруғ, Ванҷ – Дарвоз, Хоруғ – Қулма ва Лабиҷар – Нуробод низ аз наздик ошно гардиданд.
«Дар маҷмӯъ вазир аз ҷараёни сохтмони роҳҳои автомобилгард дар кишвар қаноатманд шуда, бо роҳсозон ва раҳбарони лоиҳаҳои сохтмони роҳҳо суҳбат кард. Ошкор шуд, ки дар баъзе қитъаҳо камбуди техникаи сохтмонӣ ҷой дорад. Дар ин робита дастур дода шуд, ки мувофиқи имкон ин қитъаҳо бо техникаи зарурии сохтмон таъмин карда шаванд», – гуфтанд дар вазорат.
Зимнан зикр гардид, ки Хайрулло Асозода кори қаноатбахши роҳсозон дар қитъаҳои роҳи мошингарди Нурбоду Файзобод ва Ваҳдатро махсус таъкид кард. «Ба ҳарчи зудтар анҷом додани корҳои таъмиру сохтмон дар роҳи мошингарди ноҳияи Кӯхистони Мастчоҳ таваҷҷуҳи хосса зоҳир шуд», – афзуд манбаъ.



