Ҳодисаи навбатии кордзанӣ дар Душанбе

Ба гумони даст доштан дар расонидани зарар бо мақсади авбошӣ сокини 20-солаи пойтахт боздошт шуд. Иштирокчиёни боқимондаи ҳамлаи дастаҷамъонаи кордзанӣ мавриди ҷустуҷӯ қарор доранд. Бино ба маълумоти ВКД ҶТ, ба Шуъбаи ВКД ҶТ дар ноҳияи Шоҳмансури пойтахт сокини 27-солаи шаҳри Душанбе Бахтиёр Абдуллоев муроҷиат намуда, изҳор доштааст, ки чанд рӯз қабл дар кӯчаи Назарӣ афроди […]

ASIA-Plus



Ба гумони даст доштан дар расонидани зарар бо мақсади авбошӣ сокини 20-солаи пойтахт боздошт шуд. Иштирокчиёни боқимондаи ҳамлаи дастаҷамъонаи кордзанӣ мавриди ҷустуҷӯ қарор доранд.

Бино ба маълумоти ВКД ҶТ, ба Шуъбаи ВКД ҶТ дар ноҳияи Шоҳмансури пойтахт сокини 27-солаи шаҳри Душанбе Бахтиёр Абдуллоев муроҷиат намуда, изҳор доштааст, ки чанд рӯз қабл дар кӯчаи Назарӣ афроди номаълум бидуни сабабе ба ӯ ҳамла карда, бо се зарбаи корд ӯро аз сар, тахтапушт ва қисмати чапи танаш захмӣ кардаанд.

«Зимни баргузории чорабиниҳои фаврӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милиса ба гумони даст доштан дар ин ҷиноят Кароматулло Азизови 21-сола боздошт шуд», – гуфтанд дар ВКД.

Ба иттилои манбаъ, айни замон ҷиҳати дарёфт ва дастгир кардани Раҳимов Наҷибуллои 19-сола ва Раҳимов Умари 23-сола, ки дар ин ҷиноят даст доранд, тадбирҳо андешида мешаванд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Қарзи берунаи Тоҷикистон дар се моҳ $170 млн кам шудааст

То 1-уми апрели соли равон қарзи хориҷии Тоҷикистон 2,8 млрд долларро ташкил медиҳад.

“Wildberries” соҳибкорони Тоҷикистонро ба вохӯрии тиҷоратӣ даъват мекунад

Рӯзи 1-уми июни соли 2026 дар Душанбе вохӯрии тиҷоратии “Wildberries E-Commerce Meetup” барои соҳибкорон, истеҳсолкунандагон ва намояндагони тиҷорати хурду миёнаи Тоҷикистон баргузор мешавад.

Вазорати дифоъ гуфт, нақшаи даъват ба артиш пурра иҷро шудааст

Вазорати мудофиаи Тоҷикистон эълон кард, ки нақшаи баҳории ҷалби...

Дастаи “Регар-ТадАЗ” аввалин бор дар таърихи худ барандаи Суперҷоми Тоҷикистон шуд

Ин вохӯрии чорум байни дастаҳои “Истиқлол” ва “Регар-ТадАЗ” буда, дар се бозии аввал душанбегиҳо пирӯз шуда буданд.

Чин барои навсозии зерсохтҳои гузаргоҳи Қулма ба Тоҷикистон мутахассис мефиристад

Ҳамчунин, Чин барои хариди таҷҳизоти озмоишӣ ба Тоҷикистон беш аз 1,3 миллион грант медиҳад.

Сабоҳат Қосимова: “Танҳо инсони ҳунарвар дар саҳна ном ва нон меёбад”

Сабоҳат Қосимова, Ҳунарпешаи мардумии Тоҷикистон ва яке аз чеҳраҳои...

Дар Тоҷикистон HONOR 600-ро расман муаррифӣ карданд

Ин гӯшии ҳушманд бо имкониятҳои фавқулодаи худ барои насли нави эҷодкорон ва блогнависон таҳия шудааст.