ТУТ сифати кумакҳои статсионарии бемориҳои кӯдаконаро беҳтар месозад

Солҳои зиёд Ташкилоти умумиҷаҳонии тандурустӣ (ТУТ) Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолиро дар ҷорӣ кардани стратегияи якҷоя намудани идоракунии бемориҳои синни бачагона ( ВОЗ/UNICEF) муносибати комплексиро дар ҳимояи солимии кӯдакон таъмин мекунад, ки ҳадафи марказии он  солимии кӯдак дар маҷмӯъ мебошад. Тавре дар иттилоияи намояндагии ТУТ дар ҶТ зикр мегардад, баҳогузории санҷиши таъсири арзиш ва […]

ASIA-Plus



Солҳои зиёд Ташкилоти умумиҷаҳонии тандурустӣ (ТУТ) Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолиро дар ҷорӣ кардани стратегияи якҷоя намудани идоракунии бемориҳои синни бачагона ( ВОЗ/UNICEF) муносибати комплексиро дар ҳимояи солимии кӯдакон таъмин мекунад, ки ҳадафи марказии он  солимии кӯдак дар маҷмӯъ мебошад.

Тавре дар иттилоияи намояндагии ТУТ дар ҶТ зикр мегардад, баҳогузории санҷиши таъсири арзиш ва самаранокии стратегияи якҷоя намудани идоракунии бемориҳои синни бачагона нишон дод, ки ин стратегия дар беҳтар намудани расонидани кӯмак мусоидат менамояд:  дар паст намудани марги кӯдакони дар синни то панҷ сола ёрӣ мерасонад: ҳамчунин дар бурдани  чораҳои даркорӣ баҳри паст намудани хараҷот дар системаи тандурустӣ кӯмак мекунад.

Дар маҷмӯъ  ворид намудани  таҷрибаи пешқадам дар расонидани кӯмакҳои педиатрӣ, Ҷумҳурии Федеративии Россия грант пешниҳод намуд, ки он аз ҷониби ТУТ аз соли 2012 баҳри дастгирии лоиҳа барои беҳтар намудани сифати хизматрасониҳои педиатрӣ  дар кишварҳои алоҳидаи Осиёи Марказӣ, аз он ҷумла Тоҷикистон амалӣ шуда истодааст. Аз ҷониби Федератсияи Россия шарик  дар амалишавии лоиҳа Маркази Илмии солимии кӯдакон дар Академияии илмҳои тиббӣ Россия мебошад.

Лоиҳаи мазкур ба Тоҷикистон имкон медиҳад, ки дар васеъ намудани стратегияи якҷоя намудани идоракунии бемориҳои синни бачагона аз  сатҳи ҷамоа ва расонидани кӯмаки тиббӣ дар сатҳи госпитал, ва бо ҳамин миқёси васеъи  чорабиниҳоро доир намояд, ки ин барои таъмини паст кардани сатҳи марги  кӯдакон дар синни то панҷсола зарур аст.

Дар натиҷри ҳамкориҳои бобарори Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, ТУТ ва Маркази илмии солимии кӯдакон дар Академияии илмҳои тибби Россия маҷмуи ҳуҷҷатҳои асосӣ коркард шуданд, ки  воситаи  баҳогузории сифат, мутобиқшавии фарзияи маълумотномаи кисагии ТУТ доир ба расонидани кӯмаки статсионерӣ барои кӯдакон, воситаҳои  дастгирии кураторон, барномаҳои тренингӣ барои гурӯҳҳои гуногуни мақсаднок – кормандони тиб, омӯзгорон ва оянда гузронидани тренингҳо барои зиёда аз 250 нафар одам, ҳамчунин боздидҳои  доимии кураторон дар статсионарҳои интихобиро дар бар  мегиранд.

Барои дастгирии ҷорӣ намудани стратегияи якҷоя намудани идоракунии бемориҳои синни бачагона 300 нусха  маълумотномаи кисагӣ  бо забони русӣ чоп гардид ва 300 нусхаи дигар бо  забони давлатӣ  омода чоп аст. Ҳамчунин  зиёда аз 100 тарҳи маҷмӯи амалиётҳои деворӣ доир ба навъҳо ҷудокунӣ ва кӯмакҳои таъҷилӣ, зиёда аз 250 СD бо маводҳои дарсӣ, 500 нусха чопи Конвенсия оид ба ҳуқуқи кӯдакон ва 45  овезаи  инъикоскунандаи  мазмуни Конвенсияи мазкур омода шудааст.

Барои беҳтар муҷахазонидани 10 беморхонаи пилотӣ таҳҷизоти базавӣ пешниҳод гардид, ки истифодаи он дар мувофиқат бо гирифтани  дониш ва навовариҳо бегуфтугӯ ба беҳтар намудани натиҷа ва паст кардани беморӣ ва марг таъсир мерасонад. Дар маҷмӯъ дар 10 ноҳияи пилотии статсионерӣ 340 дона таҳҷизот ва 7000  намуди таркиби таҷҳизот пешниҳод гардид. Ҳамчунин дар доираи лоиҳа маркази захиравӣ ба сифати  замина барои бетанаффус омода намудани мутахассисони тиббӣ доир ба масъалаҳои нигоҳдории статсионарии педиатрӣ таъсиси дода мешавад.

«Такмил додан ва беҳтар намудани сифати кӯмаки тиббӣ барои бачагон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз самтҳои асосӣ  дар доираи   мустаҳкамкунӣ ва рушди устувори  системаи тандурустӣ мебошад ва дастоварди хадафхои рушди хазорсола. ТУТ дар ҳамкорӣ бо Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва дигар ҳамкрон оид ба рушд ҳамкориро дар ин cоҳа идома медиҳад»- изҳор дошт роҳбари Намояндагии ТУТ дар Тоҷикистон Доктор Павел Урсу.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Қарзи берунаи Тоҷикистон дар се моҳ $170 млн кам шудааст

То 1-уми апрели соли равон қарзи хориҷии Тоҷикистон 2,8 млрд долларро ташкил медиҳад.

“Wildberries” соҳибкорони Тоҷикистонро ба вохӯрии тиҷоратӣ даъват мекунад

Рӯзи 1-уми июни соли 2026 дар Душанбе вохӯрии тиҷоратии “Wildberries E-Commerce Meetup” барои соҳибкорон, истеҳсолкунандагон ва намояндагони тиҷорати хурду миёнаи Тоҷикистон баргузор мешавад.

Вазорати дифоъ гуфт, нақшаи даъват ба артиш пурра иҷро шудааст

Вазорати мудофиаи Тоҷикистон эълон кард, ки нақшаи баҳории ҷалби...

Дастаи “Регар-ТадАЗ” аввалин бор дар таърихи худ барандаи Суперҷоми Тоҷикистон шуд

Ин вохӯрии чорум байни дастаҳои “Истиқлол” ва “Регар-ТадАЗ” буда, дар се бозии аввал душанбегиҳо пирӯз шуда буданд.

Чин барои навсозии зерсохтҳои гузаргоҳи Қулма ба Тоҷикистон мутахассис мефиристад

Ҳамчунин, Чин барои хариди таҷҳизоти озмоишӣ ба Тоҷикистон беш аз 1,3 миллион грант медиҳад.

Сабоҳат Қосимова: “Танҳо инсони ҳунарвар дар саҳна ном ва нон меёбад”

Сабоҳат Қосимова, Ҳунарпешаи мардумии Тоҷикистон ва яке аз чеҳраҳои...

Дар Тоҷикистон HONOR 600-ро расман муаррифӣ карданд

Ин гӯшии ҳушманд бо имкониятҳои фавқулодаи худ барои насли нави эҷодкорон ва блогнависон таҳия шудааст.