Шиносоии вазири нақлиёт бо сохтмони роҳҳои мошингард дар кишвар

Вазири нақлиёти Тоҷикистон Хайрулло Асозода бевосита бо рафти сохтмони роҳҳои мошингард дар ҷумҳурӣ шинос шуд. Тавре ба «Азия-Плюс» аз Вазорати нақлиёти ҶТ хабар доданд, шиносоии Асозода бо сохтмони роҳи автомобилгарди Данғара-Кангурт оғоз гардида, сипас ӯ аз роҳи мошингарди Восеъ – Ховалинг ва сохтмони пули мошингузарои Кафтархон боздид кард. Ба иттилои манбаъ, вазир ва ҳайати ҳамроҳони […]

ASIA-Plus



Вазири нақлиёти Тоҷикистон Хайрулло Асозода бевосита бо рафти сохтмони роҳҳои мошингард дар ҷумҳурӣ шинос шуд.

Тавре ба «Азия-Плюс» аз Вазорати нақлиёти ҶТ хабар доданд, шиносоии Асозода бо сохтмони роҳи автомобилгарди Данғара-Кангурт оғоз гардида, сипас ӯ аз роҳи мошингарди Восеъ – Ховалинг ва сохтмони пули мошингузарои Кафтархон боздид кард.

Ба иттилои манбаъ, вазир ва ҳайати ҳамроҳони ӯ бо ҷараёни таъмиру сохтмони қитъаҳои роҳҳои мошингради Душанбе-Хоруғ, Ванҷ – Дарвоз, Хоруғ – Қулма ва Лабиҷар – Нуробод низ аз наздик ошно гардиданд.

«Дар маҷмӯъ вазир аз ҷараёни сохтмони роҳҳои автомобилгард дар кишвар қаноатманд шуда, бо роҳсозон ва раҳбарони лоиҳаҳои сохтмони роҳҳо суҳбат кард. Ошкор шуд, ки дар баъзе қитъаҳо камбуди техникаи сохтмонӣ ҷой дорад. Дар ин робита дастур дода шуд, ки мувофиқи имкон ин қитъаҳо бо техникаи зарурии сохтмон таъмин карда шаванд», – гуфтанд дар вазорат.

Зимнан зикр гардид, ки Хайрулло Асозода кори қаноатбахши роҳсозон дар қитъаҳои роҳи мошингарди Нурбоду Файзобод ва Ваҳдатро махсус таъкид кард. «Ба ҳарчи зудтар анҷом додани корҳои таъмиру сохтмон дар роҳи мошингарди ноҳияи Кӯхистони Мастчоҳ таваҷҷуҳи хосса зоҳир шуд», – афзуд манбаъ. 

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.