«Коктейлҳои Молотов» ба силоҳи оташфишон баробар карда шуданд

Дар ҷаласаи навбатии иҷлосияи панҷуми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Тоҷикистон таҳти раёсати раиси палатаи поёнии парлумони ҷумҳурӣ Шукурҷон Зуҳуров лоиҳаи ворид намудани тағйироту илова ба Қонуни ҶТ «Дар бораи маҷлисҳо, гирдиҳамоиҳо, намоишҳо ва роҳпаймоиҳо» маъқул шуморида шуд. Мувофиқи тағйироту илова ба қонуни мазкур, шахсони ғайриқонунӣ истифодабарандаи «коктейлҳои Молотов» дар макони маҷлисҳову гирдиҳамоиҳои шаҳрвандон ва ҷойи […]

Меҳрангез Турсунзода



Дар ҷаласаи навбатии иҷлосияи панҷуми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Тоҷикистон таҳти раёсати раиси палатаи поёнии парлумони ҷумҳурӣ Шукурҷон Зуҳуров лоиҳаи ворид намудани тағйироту илова ба Қонуни ҶТ «Дар бораи маҷлисҳо, гирдиҳамоиҳо, намоишҳо ва роҳпаймоиҳо» маъқул шуморида шуд.

Мувофиқи тағйироту илова ба қонуни мазкур, шахсони ғайриқонунӣ истифодабарандаи «коктейлҳои Молотов» дар макони маҷлисҳову гирдиҳамоиҳои шаҳрвандон ва ҷойи издиҳоми мардум, ба шахсоне баробар карда мешаванд, ки ғайриқонунӣ аз силоҳи оташфишон истифода мекунанд.

Мутобиқи қонунгузории Тоҷикистон, дар чунин ҳолатҳо кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ба истифодаи бетаъхири силоҳи оташфишон нисбати ин гуна шахсон ваколат доранд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.