Кумаки бахши суғдии ҲНИТ ба 15 ҳазор ниёзмандон дар моҳи Рамазон

Шуъбаи Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон дар вилояти Суғд тасмим гирифтааст, ки дар моҳи Рамазон ба оилаҳои камбизоат кумак расонад. Бино ба иттилои сомонаи расмии ҲНИТ, Фарҳод Собирзода, котиби матбуоти шуъбаи ҲНИТ дар вилояти Суғд дар ин робита гуфтааст, ин тасмим бо пешниҳод ва маслиҳати аъзои ҲНИТ рӯйи кор омадааст. «Рӯзи 29 – уми июн дар […]

ASIA-Plus



Шуъбаи Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон дар вилояти Суғд тасмим гирифтааст, ки дар моҳи Рамазон ба оилаҳои камбизоат кумак расонад.

Бино ба иттилои сомонаи расмии ҲНИТ, Фарҳод Собирзода, котиби матбуоти шуъбаи ҲНИТ дар вилояти Суғд дар ин робита гуфтааст, ин тасмим бо пешниҳод ва маслиҳати аъзои ҲНИТ рӯйи кор омадааст.

«Рӯзи 29 – уми июн дар ҷаласаи раёсати шуъбаи вилоятӣ қароре қабул карда шуд, ки тибқи он, дар моҳи Рамазон ҳар як узви ҲНИТ дар вилояти Суғд ба ҳадди зӯррас ба як ё ду – се фарди камбизоат бояд кумаки моддӣ расонад», – иброз доштааст ӯ.

Номбурда ҳамчунин зикр кардааст, ки  дар ин моҳи муборак аз кумаки наҳзатиён баҳраманд шудани аз 10 то 15 ҳазор нафар камбизоати суғдӣ дар назар аст.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Афзоиши теъдоди муҳоҷирон аз Тоҷикистон дар Лаҳистон

Дар 3 моҳи соли 2026 ин кишвар ба ҳудуди 6 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон иҷозатномаи кор додааст.

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Раиси Кумитаи сармоягузории Тоҷикистон бо намояндагони ширкатҳои "J.P. Morgan", "Loomis Sayles & Company", "Morgan Stanley Investment Management" ва "Global Evolution" ном бурд.