Ҷамъоварии беш аз 360 ҳазор тонна зироати ғалладона



То имрӯз дар Тоҷикистон зиёда аз 360 ҳазор тонна ҳосили зироати ғалладона ҷамъоварӣ карда шуд.

Бино ба маълумоти Вазорати кишоварзии ҶТ, имсол дар кишвар дар майдони 292 ҳазор гектар зироати ғалладона кишт шудааст.

Ба иттилои манбаъ, ба аввали ҳафтаи равон ҳосили зироати ғалладона дар майдони беш аз 128 ҳазор гектар даравида шуда, ҳосилнокӣ аз ҳар як гектар 31 сентнериро ташкил медиҳад.

Зимнан зикр гардид, ки айни замон баҳри ҷамъоварии ҳосили зироати ғаллдаона дар ҷумҳурӣ 244 комбайн сафарбар шудаанд.

Ёдрас мекунем, ки соли гузашта зироати ғалладона дар Тоҷикистон дар майдони 315,4 ҳазор тонна кишт шуда, 891,5 ҳазор тонна ҳосил ҷамъоварӣ шуд.

spot_imgspot_img

Популярное