Ҳаҷми зиёни расида аз қазияи ахир дар Хоруғ муайян карда шуд



Ҳаҷми зиёни моддии расида аз қазияи ахири рӯзи 21-уми июн дар Хоруғро ҳукуматдорони маҳаллӣ пешакӣ 11 млн. сомонӣ (ҳудуди 2,2 млн. $) арзёбӣ мекунанд.

Бино ба иттилои газетаи таҳлиливу итиилоотии вилоятии

«Импульс»

, ҳафтаи гузашта зимни ҷаласаи ҳукумати ВМКБ қайд гардид, ки ҳаҷми зарари расида аз ҳодисаҳои 21-уми майро баҳо додан ҳанӯз барвақт аст, зеро ин зиён рӯз то рӯз зиёд мешавад.

«Ҳамин тариқ, ҳар мавсими тобистон даҳҳо ҳазорон сайёҳони хориҷӣ ва сокинони минтақаҳои дигар аз Бадахшон боздид намуда, дар осоишгоҳҳои сершумори Помир истироҳату табобат мегирифтанд ва соҳибкорони инфиродиву ширкатҳои хусусӣ ва  аҳолии маҳаллӣ аз ин даромад ба даст меоварданд. Аммо имрӯз шумори сайёҳони хориҷӣ ва сокинони минтақаҳои дигари ҷумҳурӣ дар Бадахшон бамаротиб коҳиш ёфтаааст, ки ин барои иқтисоди вилоят ва даромади шаҳрвандон зиёни хеле зиёди молӣ мерасонад», – таъкид шудааст дар ҷаласа.

Бино ба маълумоти сардори хадамоти оташнишонии ВМКБ Агвар Шолангаров, вазъи биноҳои шуъбаи корҳои дохилии шаҳри Хоруғ, биноҳои прокуратураву суд, автомашинаҳои сӯхта, манзили хусусӣ ва ноқил (кабел)-ҳои ҶСК «Тоҷиктелеком», ки ҳангоми бетартибиҳои рӯзи 21-уми май дар Хоруғ оташ зада шуда буданд, баҳогузорӣ шудааст. «Маблағи умумии зиёни моддӣ 1 млн. 340 ҳазору 156 сомонӣ муайян карда шуд», – изҳор доштааст ӯ.

Ёдрас мекунем, ки рӯзи 21-уми майи соли равон зимни амалиёти кормандони милисаи шаҳри Хоруғ тирпарронӣ сурат гирифта, дар натиҷа 3 нафар ба ҳалокат расиданд. Издиҳоми мардуми ошуфта пас аз ин биноҳои шуъбаи корҳои дохилии шаҳри Хоруғ, прокуратура ва суди вилоят ва ҳамчунин манзили сардори шуъбаи милисаи шаҳрро оташ заданд. 

spot_imgspot_img

Популярное