Ахири ҳафтаи гузашта дар шаҳри Душанбе вохӯрии вазири молияи Тоҷикистон Абдусалом Қурбонов бо роҳбари ҳайати гурӯҳи коршиносони Хазинаи байнулмилалии асъор (ХБА) Ҷонатан Данн доир гардид.
Бино ба маълумоти Вазорати молияи ҶТ, зимни мулоқот ҷонибҳо масъалаҳои нишондиҳандаҳои буҷети давлатӣ барои соли 2015 мутобиқи барномаи миёнамуҳлати устувории хароҷоти давлатӣ, хароҷоти буҷет ба эҳтиёҷоти иҷтимоӣ, тадбирҳои пешбинишуда ҷиҳати афзоиши даромад ва ҳамчунин масъалаҳои сиёсати умумии молии ҷумҳуриро баррасӣ карданд.
Ба иттилои манбаъ, дар доираи баррасии моддаи IV-и Барномаи ХБА, роҳбари гурӯҳ Ҷонатан Данн оид ба иҷрои нишондиҳандаҳои таҳти назорат қарордоштаи сиёсати макроиқтисодӣ ва фискалӣ ибрози андеша намуд. Ҳамзамон гурӯҳи коршиносони ХБА оид ба самтҳои асосии сиёсати иқтисодӣ бо раёсатҳои дахлдори Вазорати молияи Тоҷикистон масъалаҳои заруриро баррасӣ мекунад.
«Ҷонибҳо ба масъалаҳои сиёсати моливу андоз ва сиёсати бонкӣ, аз ҷумла масоили марбут ба сохтмони нерӯгоҳи «Роғун», ҳалли мушкилоти «Агроинвестбонк», вазъи кунунӣ ва дурнамои пардохти қарзи беруна, мониторинги корхонаҳои давлатӣ ва муносибатҳои Тоҷикистон бо дигар ниҳодҳои бонкӣ ва молии байнулмилалӣ таваҷҷуҳи хосса зоҳир намуданд», – зикр мегардад дар маълумоти Вазорати молияи ҶТ.
Гуфта мешавад, зимни гуфтушунид вазири молияи Тоҷикистон таъкид доштааст, ки давоми ҳамкорӣ бо ХБА, бахусус дар масъалаи роҳандозии ислоҳот дар бахшҳои молияи Тоҷикистон, пешравиҳои зиёде ба даст омада, изҳори итминон кардааст, ки минбаъд низ ҳамкориҳои судманд бо Хазинаи байнулмилалии асъор густариш хоҳанд ёфт.
Ғайр аз ин, роҳбари гурӯҳи коршиносони ХБА бо муовини аввали вазири рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон Неъматҷон Бӯриев низ мулоқот ороста, масъалаҳои рушди иқтисодиву иҷтимоии ҷумҳурӣ дар нимсолаи аввали соли 2014, аз ҷумла нишондиҳандаҳои макроиқтисодӣ – ҳаҷми ММД ва мизони таваррумро баррасӣ карданд.
Дар мулоқот ҳамчунин масъалаҳои сатҳи суръати афзоиши саноату бахши кишоварзӣ, тиҷорату хизматгузорӣ, таъсиси корхонаҳои саноатӣ, ҳаҷми содироту воридоти мол, фаъолияти бонкҳо ва низоми қарздиҳӣ низ матраҳ гардиданд.



