Баррасии мушкилоти «Агроинвестбонк» бо ҳайати ХБА дар Вазорати молия

Ахири ҳафтаи гузашта дар шаҳри Душанбе вохӯрии вазири молияи Тоҷикистон Абдусалом Қурбонов бо роҳбари ҳайати гурӯҳи коршиносони Хазинаи байнулмилалии асъор (ХБА) Ҷонатан Данн доир гардид. Бино ба маълумоти Вазорати молияи ҶТ, зимни мулоқот ҷонибҳо масъалаҳои нишондиҳандаҳои буҷети давлатӣ барои соли 2015 мутобиқи барномаи миёнамуҳлати устувории хароҷоти давлатӣ, хароҷоти буҷет ба эҳтиёҷоти иҷтимоӣ, тадбирҳои пешбинишуда ҷиҳати […]

ASIA-Plus



Ахири ҳафтаи гузашта дар шаҳри Душанбе вохӯрии вазири молияи Тоҷикистон Абдусалом Қурбонов бо роҳбари ҳайати гурӯҳи коршиносони Хазинаи байнулмилалии асъор (ХБА) Ҷонатан Данн доир гардид.

Бино ба маълумоти Вазорати молияи ҶТ, зимни мулоқот ҷонибҳо масъалаҳои нишондиҳандаҳои буҷети давлатӣ барои соли 2015 мутобиқи барномаи миёнамуҳлати устувории хароҷоти давлатӣ, хароҷоти буҷет ба эҳтиёҷоти иҷтимоӣ, тадбирҳои пешбинишуда ҷиҳати афзоиши даромад ва ҳамчунин масъалаҳои сиёсати умумии молии ҷумҳуриро баррасӣ карданд.

Ба иттилои манбаъ, дар доираи баррасии моддаи IV-и Барномаи ХБА, роҳбари гурӯҳ Ҷонатан Данн оид ба иҷрои нишондиҳандаҳои таҳти назорат қарордоштаи сиёсати макроиқтисодӣ ва фискалӣ ибрози андеша намуд. Ҳамзамон гурӯҳи коршиносони ХБА оид ба самтҳои асосии сиёсати иқтисодӣ бо раёсатҳои дахлдори Вазорати молияи Тоҷикистон масъалаҳои заруриро баррасӣ мекунад.

«Ҷонибҳо ба масъалаҳои сиёсати моливу андоз ва сиёсати бонкӣ, аз ҷумла масоили марбут ба сохтмони нерӯгоҳи «Роғун», ҳалли мушкилоти «Агроинвестбонк», вазъи кунунӣ ва дурнамои пардохти қарзи беруна, мониторинги корхонаҳои давлатӣ ва муносибатҳои Тоҷикистон бо дигар ниҳодҳои бонкӣ ва молии байнулмилалӣ таваҷҷуҳи хосса зоҳир намуданд», – зикр мегардад дар маълумоти Вазорати молияи ҶТ.

Гуфта мешавад, зимни гуфтушунид вазири молияи Тоҷикистон таъкид доштааст, ки давоми ҳамкорӣ бо ХБА, бахусус дар масъалаи роҳандозии ислоҳот дар бахшҳои молияи Тоҷикистон, пешравиҳои зиёде ба даст омада, изҳори итминон кардааст, ки минбаъд низ ҳамкориҳои судманд бо Хазинаи байнулмилалии асъор густариш хоҳанд ёфт.

Ғайр аз ин, роҳбари гурӯҳи коршиносони ХБА бо муовини аввали вазири рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон Неъматҷон Бӯриев низ мулоқот ороста, масъалаҳои рушди иқтисодиву иҷтимоии ҷумҳурӣ дар нимсолаи аввали соли 2014, аз ҷумла нишондиҳандаҳои макроиқтисодӣ – ҳаҷми ММД ва мизони таваррумро баррасӣ карданд.

Дар мулоқот ҳамчунин масъалаҳои сатҳи суръати афзоиши саноату бахши кишоварзӣ, тиҷорату хизматгузорӣ, таъсиси корхонаҳои саноатӣ, ҳаҷми содироту воридоти мол, фаъолияти бонкҳо ва низоми қарздиҳӣ низ матраҳ гардиданд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Марҳилаи дуюми Барномаи рушди нақлиёти барқӣ дар Тоҷикистон тасдиқ шуд. Дар он чӣ гуфта шудааст?

Аз ҷумла дар барнома зикр шудааст, ки дар се сол беш аз 200 автобуси барқӣ истеҳсол мешавад.

Тоҷикистону Қазоқистон дар бахши кишоварзӣ Харитаи роҳ ба имзо мерасонанд

Соли 2025 ҳаҷми гардиши молу маҳсулот дар соҳаи кишоварзӣ байни ду кишвар ба 595 млн доллар расидааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 86

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 13 майи соли 2026

Аз таъсиси боғи ботаникии Помир то даргузашти Баҳриддин Камолиддинов ва Рӯзи ҷаҳонии парандаҳои муҳоҷир.