Вазъ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон нисбатан ором аст

Вазъ дар марзи давлатии Тоҷикистону Қирғизистон нисбатан орому босубот аст. Бино ба иттилои маркази матбуоти Хадамоти давлатии марзбонии Қирғизистон, рӯзи якшанбеи ҳафтаи сипаришуда дар шаҳри Исфара вохӯрии намояндагони хадамотҳои марзбонӣ ва ниҳодҳои интизомии вилояти Ботканди Қирғизистон ва вилояти Суғди Тоҷикистон баргузор шудааст. Ба иттилои манбаъ, дар ҷараёни вохӯрӣ ҷонибҳо масъалаҳои роҳандозии ҳамкории мутақобила баҳри таъмини […]

ASIA-Plus



Вазъ дар марзи давлатии Тоҷикистону Қирғизистон нисбатан орому босубот аст.

Бино ба иттилои

маркази матбуоти

Хадамоти давлатии марзбонии Қирғизистон, рӯзи якшанбеи ҳафтаи сипаришуда дар шаҳри Исфара вохӯрии намояндагони хадамотҳои марзбонӣ ва ниҳодҳои интизомии вилояти Ботканди Қирғизистон ва вилояти Суғди Тоҷикистон баргузор шудааст.

Ба иттилои манбаъ, дар ҷараёни вохӯрӣ ҷонибҳо масъалаҳои роҳандозии ҳамкории мутақобила баҳри таъмини сулҳу субот дар минтақа ва андешидани тадбирҳо барои минбаъд аз ҷониби тарафҳо истифода нашудани аслиҳаро баррасӣ намудаанд.

«Айни замон воҳидҳои Хадамоти давлатии марзбонии Қирғизистон дар қитъаи марз бо Тоҷикистон дар реҷаи пурзӯр адои хизмат мекунанд. Гузаргоҳҳои назоратии Қирғизистон дар марз бо Тоҷикистон бо реҷаи муқаррарӣ фаъолият доранд», – таъкид мешавад дар маълумоти Хадамоти марзбонии кишвари ҳамсоя.

Дар ҳамин ҳол, дар ҳукумати шаҳри Исфара нисбатан ором будани вазъ дар марз бо Қирғизистонро тасдиқ намуда, зикр карданд, ки ҳамаи роҳҳо дар марз бо кишвари ҳамсоя комилан кушодаанд.

Ёдрас мекунем, ки санаи 10-уми июл дар деҳаи Бедаки ҷамоати Ворухи шаҳри Исфара миёни марзбонони қирғиз ва сокинони маҳаллӣ муноқиша ба вуқӯъ пайваста, дар натиҷаи истифодаи силоҳи оташфишон аз ҷониби марзбонони қирғиз, як сокини маҳаллии деҳа дар ҷойи ҳодиса ҳалок ва ҳамчунин 7 нафар шаҳрвандони дигари Тоҷикистон ҷароҳат бардошта, ба бемористон мунтақил шуданд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.

Идомаи “шикор”-и таксиҳои “10 сомонӣ”. Мақомот беш аз 40 ронандаро ҷарима кардаанд

БДА гуфтааст, ки минбаъд низ фаъолияти таксиҳои "10 сомонӣ"-ро боздоштаву ҷарима мекунанд.

Задухӯрд дар марз бо Афғонистон. КДАМ аз кушта шудани ду “қочоқбар” ва фирори як тани дигар хабар дод

Нерӯҳои марзбонии кишвар мегӯяд, ҳоло вазъ дар сарҳад ором буда, таҳти назорат аст.

Рӯзи пойтахт дар куҷо ва чӣ гуна ҷашн гирифта мешавад?

Рӯзи пойтахти Тоҷикистон, ки ҳамасола рӯзи шанбеи сеюми моҳи апрел таҷлил мегардад, имсол ба 18-уми апрел рост меояд.