Коршинос: Номзадҳои президенти Афғонистон бо амри Вашингтон ба созиш расиданд

Тавофуқоти ҳосилшуда рӯзи шанбеи ҳафтаи сипаришуда дар Кобул бо миёнаравии котиби давлатии ИМА Ҷон Керрӣ байни номзадҳо ба мансаби президенти Афғонистон – собиқ вазири молия Ашраф Ғанӣ Аҳмадзай ва собиқ вазири умури хориҷаи Афғонистон Абдулло Абдулло оид ба бозшумории комили овозҳо дар интихоботи гузашта ва нияти таъсиси ҳукумати ваҳдати миллӣ баъди онро метавон созиши сиёсӣ […]

Аваз Юлдошев



Тавофуқоти ҳосилшуда рӯзи шанбеи ҳафтаи сипаришуда дар Кобул бо миёнаравии котиби давлатии ИМА Ҷон Керрӣ байни номзадҳо ба мансаби президенти Афғонистон – собиқ вазири молия Ашраф Ғанӣ Аҳмадзай ва собиқ вазири умури хориҷаи Афғонистон Абдулло Абдулло оид ба бозшумории комили овозҳо дар интихоботи гузашта ва нияти таъсиси ҳукумати ваҳдати миллӣ баъди онро метавон созиши сиёсӣ бо амри Вашингтон номид. Ин андешаро дар суҳбат ба «Азия-Плюс» сиёсатшиноси тоҷик, коршинос оид ба масоили Афғонистони муосир Қосими Бекмуҳаммад иброз дошт.

Ба гуфтаи ӯ, баъди даври дуюми интихоботи президентӣ собиқ вазири умури хориҷаи Афғонистон, довтаалби асосӣ ба курсии раисҷумҳур доктор Абдулло Абдулло дар бораи тақаллубкории зиёд дар ҷараёни он маълумот дода, намояндагони худро аз қитъаҳои интихоботӣ бозхонд ва бо истифода аз ин фурсат, ҷонибдорони Аҳмадзай ҷиҳати ҳуҷҷатгузории расмии пирӯзии номзади худ имкон доштанд.

«Агар бозшумории овозҳои интихобкунандагон ба пайдоиши айбномаҳои нав аз ҷониби номзадҳо боис нагардаду агар ҷонибҳо дар бораи таъсиси ҳукумати ваҳдати миллӣ ҷиддӣ ба тавофуқ расида бошанд, метавон гуфт, ки буҳрони ба истилоҳ интихоботӣ дар Афғонистон паси сар хоҳад шуд», – афзуд коршинос.

Қобили зикр аст, ки бо миёнаравии котиби давлатии ИМА Ҷон Керрӣ рӯзи шанбе марҳилаи дуюми гуфтушуниди номзадҳо ба мансаби раисҷумҳури Афғонистон доир градида, ҷонибҳо ба бозшумории 100%-изаи овозҳо дар давраи дуюми интихобот ба мувофиқа расиданд.

Бозшумории овозҳо дар фурсати наздиктарин дар Кобул оғоз гардида, бо иштироки нозирони байнулмилалӣ ва намояндагони Созмони Милати Муттаҳид гузаронида мешавад. Ҳамчунин аз президенти Афғонистон дархост шудааст, ки маросими савгандёдкунии президенти нави Афғонистонро аз санаи 2-юми август ба вақти дертар мавқуф гузорад.

Мутобиқи натиҷаҳои пешакии интихоботи президенти Афғонистон, ки аз ҷониби раиси Комиссияи мустақили интихоботӣ Юсуф Нуристонӣ зимни конфронси матбуотӣ дар Кобул эълон шуд, дар ин маърака собиқ вазири молияи ин кишвар Ашраф Ғанӣ Аҳмадзай – 56,44% ва собиқ вазири корҳои хориҷии Афғонистон Абдулло Абдулло – 43,56%-и раъйи интихобкунандагонро касб кардаанд. 

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Марҳилаи дуюми Барномаи рушди нақлиёти барқӣ дар Тоҷикистон тасдиқ шуд. Дар он чӣ гуфта шудааст?

Аз ҷумла дар барнома зикр шудааст, ки дар се сол беш аз 200 автобуси барқӣ истеҳсол мешавад.

Тоҷикистону Қазоқистон дар бахши кишоварзӣ Харитаи роҳ ба имзо мерасонанд

Соли 2025 ҳаҷми гардиши молу маҳсулот дар соҳаи кишоварзӣ байни ду кишвар ба 595 млн доллар расидааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 86

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 13 майи соли 2026

Аз таъсиси боғи ботаникии Помир то даргузашти Баҳриддин Камолиддинов ва Рӯзи ҷаҳонии парандаҳои муҳоҷир.