БМТ: Ҳаҷми воридсозии асъор ба бозор 46,4 млн. $-ро ташкил дод



Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ) сабаби асосии коҳиши қурби доллари ИМА дар ҷумҳуриро шарҳ дод.

Аз Бонки миллии ҷумҳурӣ ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ доданд, ки сабаби коҳиши босуръати қурби доллари амрикоӣ дар навбати аввал ба омилҳои мавсимӣ – афзоиши ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ дар Тоҷикистон вобаста аст, ки ба афзоиши ҳаҷми содироти сабзавоту мева ва воридшавии асъори амрикоӣ ба ҷумҳурӣ мусоидат намуд.

«Тағйири қурбҳои асъорҳои миллӣ нисбат ба асъори хориҷӣ раванди маъмулии бозор буда, ҳамасола дар саросари ҷаҳон сурат мегирад. Сомонӣ низ аз ин қодиа истисно нест ва қурби он аз ҷониби бозор, яъне таносуби талабот ва пешниҳоди асъори хориҷӣ дар бозори дохилии асъор муқаррар карда мешавад», – гуфтанд дар БМТ.

Ба иттилои манбаъ, тадбирҳои андешидаи БМТ дар ҳамдастӣ бо ташкилотҳои қарздиҳӣ оид ба зиёд кардани пешниҳоди асъори нақд (доллари ИМА) дар баробари устуворӣ ва таҳким бахшидани қурби рубли русӣ ва таъсири омилҳои мавсимӣ ба таҳкими қурби сомонӣ дар бозори асъори нақд мусоидат намуданд.

«Ҳаҷми воридсозии асъор ба бозор, ки аз ҷониби БМТ дар давоми аз моҳи январи соли 2014 то имрӯз анҷом дода шуд, 46,4 млн. доллари ИМА-ро ташкил дод, ки асосан ба моҳҳои феврал ва апрел рост меояд», – гуфт манбаъ.

spot_imgspot_img

Популярное