Бар асари садамаи фоҷебаор дар метрои шаҳри Маскав ду нафар тоҷикистонӣ ба ҳалокат расиданд. Шабона аз зери тӯдаҳо дар ҷойи ҳодиса наҷотдиҳандагон ҷасади ҷавон, шаҳрвандони Тоҷикистон – Ҳаитов Бӯрӣ Абдуҷалилович ва Мавлонов Бахтиёр Қурбоновичро, ки ҳарду 25-сола будаанд, дарёфт намуданд.
Сухангӯи намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон дар Русия Иброҳим Аҳмадов ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки ҷасади тоҷикони ҳалокшуда дар яке аз мурдахонаҳо (морг)-и шаҳри Маскав нигаҳдорӣ шуда, пас аз анҷоми тартиботи зарурӣ ба ватан фиристода мешавад.
Аз садамаи субҳи рӯзи 15-уми июл рухдода дар метрои шаҳри Маскав 5 нафар шаҳрванди Тоҷикистон осеб диданд. Вазъи солимии ду нафари онҳо – Мӯминшо Муносибшоев ва Наимҷон Мавлонов хеле вазнин арзёбӣ шуда, онҳо дар шуъбаҳои эҳёгарии бемористонҳои №64 ва №7-и шаҳри Маскав қарор доранд.
Ҳамчунин сокини 37-солаи шаҳри Душанбе Зафарбек Сайфуллоев аз китфи чапаш ҷароҳат бардошта, ба бемористони №31 мунтақил шудааст. Вазъи солимии ӯро табибон қаноатбахш арзёбӣ кардаанд. Вазъи солимии боз як тоҷикистонӣ – Далер Қурбонов, ки дар бемористони №36-и шаҳр бистарӣ аст, низ қаноатбахш мебошад.
Миёни ҷароҳатбардоштагон боз як ҳамватани мо – сокини шаҳри Душанбе Ҳамза Содиқов низ ҳузур доштааст, ки ҳангоми садама ҷароҳати сабук бардошта, шоми рӯзи 15-уми июл аз бемористон рухсатӣ шудааст.
Ёдрас мекунем, ки субҳи рӯзи 15-уми июл дар метрои шаҳри Маскав садама рух дода, тибқи маълумоти ахир, бар асари он 21 тан ҳалок ва 160 нафар осеб дидананд, ки вазъи солимии 42 нафарашон вазнин арзёбӣ мешавад. Имрӯз дар Маскав ба мносибати ин ҳодисаи фоҷеабор рӯзи мотам эълон мешавад.



