Қарзи музди меҳнати кормандони соҳаи буҷети ноҳияи Вахш ба 2,7 млн. сомонӣ расид

Қарзи музди меҳнати кормандони соҳаи буҷаи ноҳияи Вахш ба 2,7 миллион сомонӣ расидааст. Чуноне аз Раёсати хадамоти назорати давлатӣ дар соҳаи меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии вилояти Хатлон хабар доданд, зимни як санҷиш маълум гардидааст,  қарзи музди меҳнати кормандони соҳаи буҷавии ноҳияи Вахш бо назардошти рухсатии меҳнатии кормандони соҳаи маориф ба 1-июли соли равон 2,7 […]

Сайраҳмон Назриев



Қарзи музди меҳнати кормандони соҳаи буҷаи ноҳияи Вахш ба 2,7 миллион сомонӣ расидааст.

Чуноне аз Раёсати хадамоти назорати давлатӣ дар соҳаи меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии вилояти Хатлон хабар доданд, зимни як санҷиш маълум гардидааст,  қарзи музди меҳнати кормандони соҳаи буҷавии ноҳияи Вахш бо назардошти рухсатии меҳнатии кормандони соҳаи маориф ба 1-июли соли равон 2,7 миллион сомониро ташкил медиҳад.

Бино ба гуфти манбаъ, сабаби пайдо шудани қарзи музди меҳнат сифатнок ва саривақт ҷамъоварӣ нашудани андоз мебошад.

Нозирони раёсат аз он изҳори нигаронӣ намуданд, ки ҳангоми санҷиш дар мактаби ҳамагонии рақами 14-и ноҳия мудири маориф ва директори мактаби номбурда бо ҳар баҳона кушиш мекарданд, ки ба рафти санҷиш монеъа эҷод намоянд.

Дар ҳамин ҳол, дар идораи маорифи вилояти Хатлон аз ҷой доштани қарзи музди меҳнат дар соҳаи маорифи ноҳияи Вахш изҳори бехабарӣ намуданд. Зимни нишасти матбуотӣ дар ин ниҳод гуфтанд, ки маълумотномаеро аз шуъбаи маорифи ноҳия дар даст доранд, ки қарзи музди меҳнатро инкор мекунад.

Ҳамчунин дар сарраёсати молияи вилояти Хатлон хабари қарзи музди меҳнати кормандони соҳаи буҷаи ноҳияи Вахшро рад карданд. «Ин ҷо маблағҳои рухсатии меҳнатии омузгорон аст, ки давра ба давра пардохт мешавад», – изҳор дошт як манбаъ дар сарраёсати молияи вилоят. 

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Фаротар аз имкон ва шикасти қолабҳо. Чӣ гуна як зани тоҷик беҳтарин варзишкор дар самти дастхобонӣ шуд?

На маъюбият ва на одатҳои суннатӣ натавонистанд монеи муваффақияту пирӯзиҳои ӯ бошанд.

Пайвандсозии узви инсон. Оё вақти иҷозаи истифода аз “донор”-и бегона фаро расидааст?

Имрӯз пайвандсозии узви инсон дар кишвар танҳо аз хешовандони наздик иҷоза аст.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 11 майи соли 2026

Аз таъсиси шаҳри Ӯротеппаву ансамбли "Зебо" то зодрӯзи Холиқ Мирзозода ва Холмуроди Сиддиқ.

Абдулмаҷид Достиев – ёри содиқи Эмомалӣ Раҳмон ва такягоҳи зиёиён

Бархеҳо Абдулмаҷид  Достиевро яке аз чеҳраҳои миллигаройи ҳукумат, бархеҳо...

Давоми 3 моҳ Тоҷикистон чӣ ва чӣ қадар хариду фурӯхт?

Ҳаҷми савдои хориҷии ҷумҳурӣ ба андозаи 21% афзуд.

Дастаи футболи наврасони Тоҷикистон бо шикасти Мянмар ба Ҷоми ҷаҳон роҳхат гирифт

Дастаи мунтахаби наврасони то 17-солаи Тоҷикистон дар даври дуюми марҳилаи гурӯҳии Ҷоми Осиё-2026 ҳамсолони худ аз Мянмарро бо натиҷаи 1:0 шикаст доданд.

Рақибони дастаи футболи Тоҷикистон дар Ҷоми Осиё муайян шуданд

Ҷоми Осиё-2027 аз 7-уми январ то 5-уми феврали соли оянда дар Арабистони Саудӣ баргузор мешавад.

Эмомалӣ Раҳмон ба Чин сафар мекунад

Зимни ин сафар татбиқи лоиҳаҳои муштарак, аз ҷумла энергетика, “иқтисоди сабз” ва фанновариҳои рақамӣ" баррасӣ хоҳанд шуд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 10 майи соли 2026

Аз таъсиси Консерваторияи миллӣ то зодрӯзи Ҳошим Гадову Абдулмаҷид Достиев.