Сафир ҳамватанони осебдида аз аз садамаи метрои Маскавро аёдат кард

Сафири Тоҷикистон дар Русия Имомудиин Сатторов ҳамватанони осебдида аз садама дар метрои Маскавро, ки дар бемористону дармонгоҳҳои шаҳр бистарианд, аёдат кард. Намояндаи расмии сафоратхонаи Тоҷикистон дар Русия Муҳаммад Эгамзод ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки сафир аз бемористони шаҳрии №64, ки дар шуъбаи эҳёгарии он шаҳрванди Тоҷикистон Мӯминшо Муносибшоев бистарӣ аст, боздид намуд. […]



Сафири Тоҷикистон дар Русия Имомудиин Сатторов ҳамватанони осебдида аз садама дар метрои Маскавро, ки дар бемористону дармонгоҳҳои шаҳр бистарианд, аёдат кард.

Намояндаи расмии сафоратхонаи Тоҷикистон дар Русия Муҳаммад Эгамзод ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки сафир аз бемористони шаҳрии №64, ки дар шуъбаи эҳёгарии он шаҳрванди Тоҷикистон Мӯминшо Муносибшоев бистарӣ аст, боздид намуд.

«Ба гуфтаи муовини сардухтури беморхона Анна Милто вазъи солимии Муносибшоев қаноатбахш буда, ҷарроҳон зимни муоинаи бемор ба хулосае расидаанд, ки ӯ ба ҷарроҳӣ ниёз надорад», – хабар дод Эгамзод.

Ба қавли ӯ, сипас Имомуддин Сатторов ба бемористони №7 ба аёдати Наимҷон Мавлонов рафтааст. «Маълум шуд, ки ин ҳамвтани мо аз шуъбаи эҳёгарӣ ба палатаи умумӣ гузаронида шуда, вазъи солимиаш рӯ ба беҳбудӣ овардааст», – иброз дошт ӯ.

Эгамзод дар бораи ба аёдати дигар шаҳрвандони тоҷики осебдида рафтани сафир маълумоти мушаххас надод. Шаҳрвандони дигари осебдидаи Тоҷикистон – Қурбонов Далер дар шуъбаи ҷарроҳии беморхонаи №36 ва Зафарбек Сайфуллоев низ дар шуъбаи ҷарроҳии бемористони 31-и шаҳри Маскав қарор доранд. Қаблан иттилоъ дода шуда буд, ки вазъи солимии ҳардуро табибон қаноатбахш арзёбӣ мекунанд.

Ёдрас мекунем, ки бар асари садамаи фоҷеабор дар метрои шаҳри Маскав

2 нафар шаҳрвандони Тоҷикистон ҳалок

ва боз 5 нафари дигар ҷароҳат бардоштанд. Чор нафари онҳо айни замон дар бемористонҳо бистарӣ буда, боз як сокини шаҳри Душанбе Ҳамза Содиқов бо ҷароҳати сабук шоми ҳамон рӯз аз бемористон рухсатӣ шуд. 

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

То +45°C ва баъзан борон меборад: ҳавои моҳи июн дар Тоҷикистон

Дар аксари минтақаҳои Тоҷикистон моҳи июн гарму хушк омада, аммо дар баъзе рӯзҳо борону раъду барқ дар назар аст.

Мӯйсафеде, ки ба Эмомалӣ Раҳмон гуфт, “миллати ориёиҳоро зиёд кардем” кист?

Вақте навори ин гуфтугӯ паҳн шуд, ба ин суроғи пирамарди зиндадил рафтем ва дар бораи зиндагии ӯ гузориш омода кардем.

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".