Коргардони кино Шарофат Арабова рӯйи наворбардории филми нави кӯтоҳмуддати «Тафсия» аз рӯи асари шоир, нависанда ва драматурги тоҷику рус Темур Зулфиқоров кор мекунад.
Дар мусоҳиба ба «Азия-Плюс» коргардон зикр кард, ки андешаи таҳияи ин филм моҳи апрели соли ҷорӣ рӯйи кор омада, аз 7-уми июл ӯ ба наворбардории филм бо иштироки ҳунармандони боистеъдод оғоз намудааст.
«Филм дар бораи ишқу муҳаббати пок, ки аз солҳои интизорӣ ҳарос надорад, асосҳои ахлоқу рафтор, дарки гуноҳ ва худро аз нигоҳи маънавӣ пок сохтан ҳикоят мекунад», – иброз дошт Шарофат Арабова.
Коргардон ҳамчунин қайд кард, ки барои таҳияи филми «Тафсия» 10 рӯзи наворбардорӣ ба нақша гирифта шуда, рӯзҳои наздик филм омода мегардад. «Наворбардории филм дар ноҳияҳои Айниву Варзоб ва шаҳри Душанбе сурат гирифт», – афзуд коргардони филм.
Қобили зикр аст, ки ба ҷуз ин филм, Шарофат Арабова муаллифи боз 5 филми дигари кутоҳмуддат бо забонҳои англисиву ҳиндӣ низ мебошад. Филми ӯ бо номи In Between (Дар байни) дар як қатор ҷашнвораҳои кинои Ҳиндустон ва Қирғизистон намоиш дода шудааст. Соли 2013 ин филми кӯтоҳмуддати ӯ дар Ҷашнвораи III-уми байнулмилалии кишварҳои ИДМ, Балтика ва Гурҷистон – «Қирғизистон – кишвари филмҳои кӯтоҳмуддат» дар Бишкек дар номинатсияи «Филми беҳтарин» ғолиб дониста шуд.



