Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон дар ҳузури президенти Қирғизистон

Президенти Қирғизистон Алмазбек Отамбоев вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷиддин Асловро, ки бо сафари расмӣ дар Бишкек қарор дошт, ба ҳузур пазируфт. Бино ба иттилои департаменти иттилооти ВКХ Тоҷикистон, дар мулоқот масоили мубрами ҳамкориҳои дуҷониба, минтақавӣ ва байналмилалӣ мавриди муҳокима қарор гирифтанд. Ба иттилои манбаъ, дар ҷараёни вохӯрӣ таъкид шудааст, ки муносибатҳои ду кишвари ҳамҷавор рушди […]



Президенти Қирғизистон Алмазбек Отамбоев вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷиддин Асловро, ки бо сафари расмӣ дар Бишкек қарор дошт, ба ҳузур пазируфт.

Бино ба иттилои департаменти иттилооти ВКХ Тоҷикистон, дар мулоқот масоили мубрами ҳамкориҳои дуҷониба, минтақавӣ ва байналмилалӣ мавриди муҳокима қарор гирифтанд.

Ба иттилои манбаъ, дар ҷараёни вохӯрӣ таъкид шудааст, ки муносибатҳои ду кишвари ҳамҷавор рушди бемайлон доранд ва густариши минбаъдаи онҳо ҷавобгӯи манфиатҳои дарозмуддати ҳар ду ҷониб мебошанд.

Гуфта мешавад, тарафҳо зарурати тақвияти ҳамкориҳоро тавассути механизмҳои мавҷудаи дуҷониба қайд намуда, изҳор намудаанд, ки ҳалли масъалаҳои баҳсноки марзӣ набояд риштаву пайвандҳои анъанавии дӯстии ду давлатро халалдор созанд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Мӯйсафеде, ки ба Эмомалӣ Раҳмон гуфт, “миллати ориёиҳоро зиёд кардем” кист?

Вақте навори ин гуфтугӯ паҳн шуд, ба ин суроғи пирамарди зиндадил рафтем ва дар бораи зиндагии ӯ гузориш омода кардем.

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.