КҲФ алҳол ба харидории чархболҳо манфиатдор нест

Кумитаи ҳолатҳои фавқуллода ва мудофиаи гражданӣ (КҲФ ва МГ)-и назди ҳукумати ҶТ алҳол ба харидории нақлиёти ҳавоии худӣ манфиатдор нест. Зимни нишасти хабарии имрӯза дар Душанбе раиси Кумита Хайриддин Абдураҳимов дар ин робита изҳор намуд, ки мудом дар ҳолати коршоям нигаҳдориву истифодаи ҳатто як чархбол маблағҳои зиёди пулиро тақозо мекунад, ки алҳол буҷети Кумита ба […]



Кумитаи ҳолатҳои фавқуллода ва мудофиаи гражданӣ (КҲФ ва МГ)-и назди ҳукумати ҶТ алҳол ба харидории нақлиёти ҳавоии худӣ манфиатдор нест.

Зимни нишасти хабарии имрӯза дар Душанбе раиси Кумита Хайриддин Абдураҳимов дар ин робита изҳор намуд, ки мудом дар ҳолати коршоям нигаҳдориву истифодаи ҳатто як чархбол маблағҳои зиёди пулиро тақозо мекунад, ки алҳол буҷети Кумита ба он имкон надорад.

«Шахсан ман мукобили харидории воситаи нақлиёти ҳавоӣ мебошам. Танҳо барои як чархбол барои мо ду сарнишин, як механик, табиб, муҳандис ва табиист, ки сӯзишворӣ ва фурудгоҳ лозим аст. Аз ин рӯ, хароҷоти бузург зарур меояд», – иброз дошт ӯ.

Абдураҳимов қайд кард, ки дар сурати зарурат, чархболҳои Вазорати мудофиа ҳамеша дар ҳолати омодабош қарор доранд. «Сарвари давлат ба Вазорати мудофиаи дастур дод, ки дар ин ҳолатҳо ба мо чархбол диҳад ва ҳангоми зарурат, мо бидуни мушкилӣ аз онҳо истифода мекунем, вале харидории чархболҳоро дар нақша дорем», – таъкид дошт ӯ.

Дар ҳамин ҳол, бино ба маълумоти Абдураҳимов, тайи ду соли ахир шумори воситаҳои нақлиёти рӯизаминии Кумита ба таври қобили мулоҳиза афзудааст. «Айни замон Кумита дорои 213 адад воситаҳои нақлиёти рӯизаминӣ аст», – афзуд раиси КҲФ ва МГ.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Мӯйсафеде, ки ба Эмомалӣ Раҳмон гуфт, “миллати ориёиҳоро зиёд кардем” кист?

Вақте навори ин гуфтугӯ паҳн шуд, ба ин суроғи пирамарди зиндадил рафтем ва дар бораи зиндагии ӯ гузориш омода кардем.

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.