Наворбардории филми «Тафсия» дар Тоҷикистон аз ҷониби коргардони ҷавон

Коргардони кино Шарофат Арабова рӯйи наворбардории филми нави кӯтоҳмуддати «Тафсия» аз рӯи асари шоир, нависанда ва драматурги тоҷику рус Темур Зулфиқоров кор мекунад. Дар мусоҳиба ба «Азия-Плюс» коргардон зикр кард, ки андешаи таҳияи ин филм моҳи апрели соли ҷорӣ рӯйи кор омада, аз 7-уми июл ӯ ба наворбардории филм бо иштироки ҳунармандони боистеъдод оғоз намудааст. […]



Коргардони кино Шарофат Арабова рӯйи наворбардории филми нави кӯтоҳмуддати «Тафсия» аз рӯи асари шоир, нависанда ва драматурги тоҷику рус Темур Зулфиқоров кор мекунад.

Дар мусоҳиба ба «Азия-Плюс» коргардон зикр кард, ки андешаи таҳияи ин филм моҳи апрели соли ҷорӣ рӯйи кор омада, аз 7-уми июл ӯ ба наворбардории филм бо иштироки ҳунармандони боистеъдод оғоз намудааст.

«Филм дар бораи ишқу муҳаббати пок, ки аз солҳои интизорӣ ҳарос надорад, асосҳои ахлоқу рафтор, дарки гуноҳ ва худро аз нигоҳи маънавӣ пок сохтан ҳикоят мекунад», – иброз дошт Шарофат Арабова.

Коргардон ҳамчунин қайд кард, ки барои таҳияи филми «Тафсия» 10 рӯзи наворбардорӣ ба нақша гирифта шуда, рӯзҳои наздик филм омода мегардад. «Наворбардории филм дар ноҳияҳои Айниву Варзоб ва шаҳри Душанбе сурат гирифт», – афзуд коргардони филм.

Қобили зикр аст, ки ба ҷуз ин филм, Шарофат Арабова муаллифи боз 5 филми дигари кутоҳмуддат бо забонҳои англисиву ҳиндӣ низ мебошад. Филми ӯ бо номи In Between (Дар байни) дар як қатор ҷашнвораҳои кинои Ҳиндустон ва Қирғизистон намоиш дода шудааст.  Соли 2013 ин филми кӯтоҳмуддати ӯ дар Ҷашнвораи III-уми байнулмилалии кишварҳои ИДМ, Балтика ва Гурҷистон – «Қирғизистон – кишвари филмҳои кӯтоҳмуддат» дар Бишкек дар номинатсияи «Филми беҳтарин» ғолиб дониста шуд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Мӯйсафеде, ки ба Эмомалӣ Раҳмон гуфт, “миллати ориёиҳоро зиёд кардем” кист?

Вақте навори ин гуфтугӯ паҳн шуд, ба ин суроғи пирамарди зиндадил рафтем ва дар бораи зиндагии ӯ гузориш омода кардем.

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.