Заминҳои ноҳияи Румӣ аз чиниҳо бозпас гирифта шуданд

Барои ба таври бояду шояд иҷро накардани уҳдадориҳо тибқи шартномаи истифодаи қитъаҳои замин дар ноҳияи Ҷалолиддини Румӣ, ҳукуматдорони ин ноҳия шартнома бо ширкати «Синзян Инхай»-и Чинро бекор намуданд. Дар ин робита сардори Раёсати растанипарварии Вазоррати кишоварзӣ Аббосхӯҷа Яҳёхӯҷаев ба журналистон чунин ибрози андеша намуд: «Шартнома барои он бекор шуд, ки ширкати чинӣ уҳдадориҳояшро иҷро накарда, […]



Барои ба таври бояду шояд иҷро накардани уҳдадориҳо тибқи шартномаи истифодаи қитъаҳои замин дар ноҳияи Ҷалолиддини Румӣ, ҳукуматдорони ин ноҳия шартнома бо ширкати «Синзян Инхай»-и Чинро бекор намуданд.

Дар ин робита сардори Раёсати растанипарварии Вазоррати кишоварзӣ Аббосхӯҷа Яҳёхӯҷаев ба журналистон чунин ибрози андеша намуд: «Шартнома барои он бекор шуд, ки ширкати чинӣ уҳдадориҳояшро иҷро накарда, имсол заминҳоро кишт накард, ки яке аз шартҳои асосии қарордод мебошад. Қарордоди иҷораи 270 гектар замин дар ноҳияи Ҷалолиддини Румӣ ба муҳлати 49 сол ба имзо расида буд», – иброз дошт ӯ.

Ба гуфтаи ӯ, сарфи назар аз ин таҷриаби номуваффақ дар ноҳияи Ҷалолиддни Румӣ, ширкати чинӣ дар 302 гектари заминҳои иҷораи ноҳияи Ёвон, ки онҳо ҳам ба муҳлати 49 сол ба иҷора дода шудаанд, корҳоро идома медиҳад.

Номбурда қайд кард, ки ин ширкати чинӣ ягона ширкати хориҷӣ дар Тоҷикистон мебошад, ки дар ноҳияи Ваҳдат 15 гектарро барои сохтмони корхонаи тухмитозакунӣ ба иҷора гирифтааст.

«Тухмӣ ва техникаро худи ширкати чинӣ ворид месозад. Қабл аз кишти ин тухмиҳо, онҳо дар озмоишгоҳи Вазорати кишоварзӣ мавриди таҳқиқ қарор мегиранд. «Мо ба кишти зироатҳои кишоварзии ғайримеъёрӣ дар заминҳо ва истифодаи ғайримуқаррарии қитъаҳои замин роҳ намедиҳем», – афзуд ӯ.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Мӯйсафеде, ки ба Эмомалӣ Раҳмон гуфт, “миллати ориёиҳоро зиёд кардем” кист?

Вақте навори ин гуфтугӯ паҳн шуд, ба ин суроғи пирамарди зиндадил рафтем ва дар бораи зиндагии ӯ гузориш омода кардем.

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.