Ҷавобгарии судяи Суди олии иқтисодӣ барои порагирӣ

Дар иҷлосияи навбатии имрӯзаи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии ҶТ вакилони палатаи болоии парлумон барои ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашидан ва ҳабси судяи Суди олии иқтисодии ҷумҳурӣ Ҷалол Исроилов розигӣ доданд. Зимни суханронӣ дар робита ба ин масъала прокурори генералии ҷумҳурӣ Шерхон Салимзода изҳор намуд, ки Ҷалол Исроилов аз ҷониби Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо […]



Дар иҷлосияи навбатии имрӯзаи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии ҶТ вакилони палатаи болоии парлумон барои ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашидан ва ҳабси судяи Суди олии иқтисодии ҷумҳурӣ Ҷалол Исроилов розигӣ доданд.

Зимни суханронӣ дар робита ба ин масъала прокурори генералии ҷумҳурӣ Шерхон Салимзода изҳор намуд, ки Ҷалол Исроилов аз ҷониби Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи ҶТ ба гирифтани пора дар ҳаҷми ниҳоят зиёд айбдор карда мешавад.

«Судяи суди олии иқтисодӣ барои мусоидат ба бекор намудани қарори раиси ноҳияи Мастчоҳ ва суди иқтисодии вилояти Суғд нисбати раиси яке аз хоҷагиҳои деҳқонии ноҳияи Мастчоҳ, аз ӯ 8 ҳазор доллари ИМА пора талаб кардааст», – гуфт Салимзода.

Дар идома ӯ зикр кард, ки баъди ба ваъда вафо накардан, раиси хоҷагии деҳқонӣ баргардонидани маблағи 8 ҳазор доллари ИМА-ро тақозо намудааст.

«Судя ба воситаи писараш ба сокини ноҳияи Мастчоҳ 2180 доллари ИМА аз ин маблағро баргардониданӣ шуда, ҳангоми супурдани маблағ писараш боздошт ва муқобили падари худ баёнот дод», – қайд кард прокурори генералӣ.

Ба гуфтаи ӯ, дар нома ба унвони раиси Агентии зиддифасод Ҷалол Исроилов пурра ба гуноҳи худ иқрор шуда, маблағи боқимондаи ба сифати пора гирифтаашро ба муфаттишон баргардонидааст.

Дар ҳамин ҳол, аз Суди олии иқтисодии ҶТ ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ доданд, ки Ҷалол Исроилов 65-сола ва дар мақомоти судӣ таҷрибаи 40-солаи корӣ дорад. «Ду сол қабл аз вазифаи судяи Суди олии ҷумҳурӣ озод шуда, ба вазифаи судяи Суди олии иқтисодии кишвар гузаронида шуда буд», – гуфт манбаъ.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Мӯйсафеде, ки ба Эмомалӣ Раҳмон гуфт, “миллати ориёиҳоро зиёд кардем” кист?

Вақте навори ин гуфтугӯ паҳн шуд, ба ин суроғи пирамарди зиндадил рафтем ва дар бораи зиндагии ӯ гузориш омода кардем.

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.