Раиси КҲФ ба ивази ному насаби русии худ шитоб надорад

Раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди ҳукумати Тоҷикистон Хайриддин Абдураҳимов назди журналистон эътироф намуд, ки ба ивази ному насаби русии худ он қадр шитоб надорад. «Ман аксар вақт ба хориҷа сафар мекунам ва намехоҳам, ки бо мушкилоти марбут ба ному насабам дучор гардам. Бархе нафароне, ки ному насбашонро ба шакли тоҷикӣ иваз карданд, […]



Раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди ҳукумати Тоҷикистон Хайриддин Абдураҳимов назди журналистон эътироф намуд, ки ба ивази ному насаби русии худ он қадр шитоб надорад.

«Ман аксар вақт ба хориҷа сафар мекунам ва намехоҳам, ки бо мушкилоти марбут ба ному насабам дучор гардам. Бархе нафароне, ки ному насбашонро ба шакли тоҷикӣ иваз карданд, дар хориҷи кишвар ба мушкилот мувоҷеҳ мегарданд, вале дар ин бора хомӯширо авло медонанд. Вақте нахуст ин тамоил пайдо шуд, бисёриҳо ному насабашонро иваз намуда, ба Русия сафар карданд, вале баъди чанде баргашта, ному насаби пешинаашонро гирифтанд, зеро бо мушкилоти муайяне дучор шуда буданд», – гуфт зимни нишасти хабарии имрӯза Абдураҳимов.

Ӯ зикр кард, ки ба пайравӣ ба мансабдорони дигар он қадр шитоб надорад. «Агар ивази ному насаб ба муҳаббати шахс ба ватану миллат биафзояд, ман инро бидуни мушкилоте анҷом медодам. Дар ҳама гуна ҳолат, чанд соли дигар боқӣ мондааст ва хизматро ба итмом расонида, ному насбамро ба тоҷикӣ иваз мекунам, зеро метавонанд фикр кунанд, ки ман ватандӯст нестам», – иброз дошт раиси КҲФ ва МГ.

Ёдрас мекунем, ки тамоили ивази ному насбаи русӣ ба тоҷикӣ пас аз ному насабашро аз Эмомалӣ Раҳмонов ба Эмомалӣ Раҳмон иваз намудани сарвари давлат дар соли 2007 ба вуҷуд омад.

Моҳи январи соли ҷорӣ бошад, прокурори генералии Тоҷикистон Шерхон Салимзода изҳор кард, ки солҳои охир

даст кашидан аз тарзҳои миллии номгузорӣ

зиёд ба мушоҳида расида, шахсони мансабдори мақомоти давлатӣ ба ин мусоидат менамоянд.

Ҳамин тариқ тайи моҳҳои ахир биёре аз мансабдорони воломақоми Тоҷикистон номҳои худро ба шакли тоҷикӣ иваз намуданд. Муоини вазири корҳои хориҷӣ Озода Раҳмонова ба Раҳмон Озода Эмомалӣ, роҳбари Агентии зиддифасод Саидов Фаттоҳ Ғоибович ба Абдуфаттоҳи Ғоиб, вазири кишоварзӣ Қосимов Қосимҷон Раҳбарович ба Қосими Роҳбар, вазири тандурустӣ ва ҳифзи аҳолӣ Салимов Нусратулло Файзуллоевич ба Нусратулло Файзулло, раиси Хадамоти алоқа Зуҳуров Бег Сабурович ба Бег Сабурӣ, мушовири давлатии президент оид ба сиёсати хориҷӣ Эркин Раҳматуллоев ба Эркинхон Раҳматуллозода табдили ному насаб карданд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Мӯйсафеде, ки ба Эмомалӣ Раҳмон гуфт, “миллати ориёиҳоро зиёд кардем” кист?

Вақте навори ин гуфтугӯ паҳн шуд, ба ин суроғи пирамарди зиндадил рафтем ва дар бораи зиндагии ӯ гузориш омода кардем.

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.