Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон дар ҳузури президенти Қирғизистон



Президенти Қирғизистон Алмазбек Отамбоев вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷиддин Асловро, ки бо сафари расмӣ дар Бишкек қарор дошт, ба ҳузур пазируфт.

Бино ба иттилои департаменти иттилооти ВКХ Тоҷикистон, дар мулоқот масоили мубрами ҳамкориҳои дуҷониба, минтақавӣ ва байналмилалӣ мавриди муҳокима қарор гирифтанд.

Ба иттилои манбаъ, дар ҷараёни вохӯрӣ таъкид шудааст, ки муносибатҳои ду кишвари ҳамҷавор рушди бемайлон доранд ва густариши минбаъдаи онҳо ҷавобгӯи манфиатҳои дарозмуддати ҳар ду ҷониб мебошанд.

Гуфта мешавад, тарафҳо зарурати тақвияти ҳамкориҳоро тавассути механизмҳои мавҷудаи дуҷониба қайд намуда, изҳор намудаанд, ки ҳалли масъалаҳои баҳсноки марзӣ набояд риштаву пайвандҳои анъанавии дӯстии ду давлатро халалдор созанд.

spot_imgspot_img

Популярное