Ҳаҷми умумии ҷаримаҳо дар пойтахт оид ба риоя накардани қоидаҳои ҳаракат дар роҳ тибқи лоиҳаи «Шаҳри бехатар» аз замони ҷорӣ шуданаш (31-уми июли соли 2013 то 1-уми июли соли равон) беш аз 13 млн. сомониро ташкил дод.
«Имрӯз амалисозии лоиҳа амалан ба итмом расида, дар 71 кӯча ва аксари хиёбону майдонҳои шаҳри Душанбе камераҳои мушоҳидаи видеойӣ насб шуданд», – изҳор намуд зимни нишасти хабарии имрӯза вазири корҳои дохилии ҶТ Рамазон Раҳимзода.
Ба саволи журналистон дар бораи аз ҷониби вазир шахсан риоя нашудани қоидаҳои ҳаракати дар роҳ Раҳимзода посух дод, ки шояд бо зарурати хидматӣ ӯ ҳамарӯза ба қоидаҳои ҳаракат дар роҳ риоя намекунад, вале ягон маротиба барои ин ҷарима пардохт накардааст, зеро ӯ дар автомашинаи махсус ҳаракат мекунад.
«Аммо писарони ман барои риоя накардани қоидаҳои ҳаракат дар роҳ, ки аз ҷониби камераҳои мушоҳидаи видеойӣ сабт шуда буданд, ҷарима пардохтанд», – гуфт вай.
Дар идома ӯ зикр кард, ки барои мудом вайрон кардани қоидаҳои ҳаракат дар роҳ, ки тариқи ин камераҳо дар роҳҳои пойтахт сабт шудаанд, 11 нафар корманди милиса аз кор озод шуда, 2 нафар аз мансаб сабукдӯш гардиданд.
Вазири корҳои дохилӣ таъкид дошт, ки аз оғози амалисозии лоиҳаи «Шаҳри бехатар» нишондиҳандаи фавт дар роҳҳои Душанбе панҷ маротиба кам шудааст.



