Барои таъмири мактабҳои Қӯрғонтеппа 5 млн. сомонӣ ҷудо шуд

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Қӯрғонтеппа барои таъмири асосии мактабҳои шаҳр 5 миллион сомонӣ ихтисос додааст. Чуноне ки иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳр Амирулло Асадулло зимни нишасти матбуотӣ  изҳор дошт, дар маркази вилояти Хатлон  18 мактаби таҳсилоти миёнаи умумӣ фаъолият мекунанд, ки аксарашон ба таъмири асосӣ ниёз доранд.  «Дар чанд соли охир барои таъмири асосии мактабҳои […]

Сайраҳмон Назриев, махсус барои asia+



Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Қӯрғонтеппа барои таъмири асосии мактабҳои шаҳр 5 миллион сомонӣ ихтисос додааст.

Чуноне ки иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳр Амирулло Асадулло зимни нишасти матбуотӣ  изҳор дошт, дар маркази вилояти Хатлон  18 мактаби таҳсилоти миёнаи умумӣ фаъолият мекунанд, ки аксарашон ба таъмири асосӣ ниёз доранд. 

«Дар чанд соли охир барои таъмири асосии мактабҳои шаҳр аҳамият надодаанд.  Бинобар ин, мо тасмим гирифтем, ки мактабҳоро як маротиба аз таъмири асосӣ барорем»,- иброз дошт ӯ.

Ба гуфта номбурда, соли оянда дар шаҳри Қӯрғонтеппа  сохтмони ду мактаби нави муосири таҳсилоти умумӣ ба нақша гирифта шудааст.

Бояд гуфт, ки раиси вилояти Хатлон Давлатшо Гулмаҳмадов зимни як вохӯрӣ бо фаъолони маркази вилоят аз набудани як мактаби нави замонавӣ дар шаҳри Қӯрғонтеппа ёдовар шуда буд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.