Х.Асоев: Роҳҳоро танҳо баъди муайян шудани марз бо Қирғизистон месозем

Зимни нишасти хабарии имрӯза вазири нақлиёти Тоҷикистон Хайрулло Асозода изҳор намуд, ки масоили марбут ба сохтмони роҳҳо дар қаламрави наздимарзии Тоҷикистону Қирғизистон танҳо баъди ба созиш омадани ҳарду кишвар метавонанд ҳал шаванд. Ба гуфтаи ӯ, дар навбати аввал бояд масъалаи таъйин ва аломатгузорӣ дар марз миёни Тоҷикистону Қирғизистон комилан ҳаллу фасл гардида, 51%-и марз муайян […]



Зимни нишасти хабарии имрӯза вазири нақлиёти Тоҷикистон Хайрулло Асозода изҳор намуд, ки масоили марбут ба сохтмони роҳҳо дар қаламрави наздимарзии Тоҷикистону Қирғизистон танҳо баъди ба созиш омадани ҳарду кишвар метавонанд ҳал шаванд.

Ба гуфтаи ӯ, дар навбати аввал бояд масъалаи таъйин ва аломатгузорӣ дар марз миёни Тоҷикистону Қирғизистон комилан ҳаллу фасл гардида, 51%-и марз муайян шудааст ва 49%-и он дар маҳаллаҳои аҳолинишини вилояти Суғд боқӣ мондааст. «Ҳамроҳи гурӯҳи корӣ мо ин қаламравро пиёда тай намудем. Мардум сохтмони роҳро талаб мекунанд. Аз ин рӯ, бо ҷониби Қирғизистон тавофуқ ҳосил намудем, ки пас аз муайян шуданми марз дар қаламрави наздимарзӣ ҳамроҳ роҳҳо месозем», – иброз дошт ӯ.

Асоев таъкид дошт, ки ихтилофҳо миёни Тоҷикистону Қирғизистон дар масъалаи марз чанде қабл дар вохӯрии гурӯҳи кории ҳарду кишвар ва ҳамчунин зимни сафари вазири корҳои хориҷии ҶТ Сироҷиддн Аслов ба Бишкек баррасӣ шуданд.

Номбурда зикр кард, ки ғайр аз ин, ташрифи президенти Қирғизистон ба Душанбе дар назар аст. «Умедворем, ки дар сатҳи сиёсӣ масъалаҳо роҳи ҳалли худро пайдо мекунанд. Ҳамчун вазири нақлиёт ба шумо изҳор медорам, ки агар мухолифатҳои сиёсӣ бартараф ва марз муайян карда шавад, аз ҷониби худ мо масъалаи сохтмони роҳҳоро ҳал мекунем», – афзуд вазири нақлиёти ҶТ.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.