Вазири нақлиёт: Дар таҳияи лоиҳаи нақби «Истиқлол» ба иштибоҳ роҳ дода шудааст

Зимни нишасти хабарии имрӯза вазири нақлиёти Тоҷикистон Хайрулло Асоев эътироф намуд, ки зимни таҳияи лоиҳаи сохтмони нақби «Истиқлол» ба иштибоҳ роҳ дода шудааст. Ба гуфтаи ӯ, дар ҷараёни таҳлили таҳияи лоиҳа ва амалисозии сохтмони иншоот коршиносони Вазорати нақлиёт иштибоҳро ошкор намуданд. «Сухан сари он меравад, ки низоми заҳбурканӣ (дренажӣ)-и нақб дар лоиҳа 65-93 см поинтар […]



Зимни нишасти хабарии имрӯза вазири нақлиёти Тоҷикистон Хайрулло Асоев эътироф намуд, ки зимни таҳияи лоиҳаи сохтмони нақби «Истиқлол» ба иштибоҳ роҳ дода шудааст.

Ба гуфтаи ӯ, дар ҷараёни таҳлили таҳияи лоиҳа ва амалисозии сохтмони иншоот коршиносони Вазорати нақлиёт иштибоҳро ошкор намуданд.

«Сухан сари он меравад, ки низоми заҳбурканӣ (дренажӣ)-и нақб дар лоиҳа 65-93 см поинтар аз низоми заҳбуркании роҳ дар берун аз нақб нишон дода шудааст. Дар ин робита, муддати 6 сол роҳи дохили нақб ҳамеша зери об қарор дошт, ки барои ронандагони автомашинаҳо душвориҳои зиёде пеш меовард», – гуфт ӯ.

Асоев қайд кард, ки лоиҳаи нақби «Истиқлол» аз ҷониби Вазорати нақлиёт таҳия шудааст. «Лоиҳа мавриди тасҳеҳ қарор гирифта, ба ташхис супорида шудааст ва иштибоҳоти ҷойдошта бартараф карда шуданд», – таъкид дошт вай.

Зимнан зикр гардид, ки айни замон дар иншооти мазкур корҳои сементрезӣ идома доранд. «Минбаъд анҷом додани корҳои бетонрезӣ ва ҳамчунин насби таҷҳизоти ҳавософкунӣ ва рӯшноидиҳанда дар назар аст», – афзуд вазир.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.