Беш аз 13 млн. сомонӣ ҷарима тибқи лоиҳаи «Шаҳри бехатар»

Ҳаҷми умумии ҷаримаҳо дар пойтахт оид ба риоя накардани қоидаҳои ҳаракат дар роҳ тибқи лоиҳаи «Шаҳри бехатар» аз замони ҷорӣ шуданаш (31-уми июли соли 2013 то 1-уми июли соли равон) беш аз 13 млн. сомониро ташкил дод. «Имрӯз амалисозии лоиҳа амалан ба итмом расида, дар 71 кӯча ва аксари хиёбону майдонҳои шаҳри Душанбе камераҳои мушоҳидаи […]



Ҳаҷми умумии ҷаримаҳо дар пойтахт оид ба риоя накардани қоидаҳои ҳаракат дар роҳ тибқи лоиҳаи «Шаҳри бехатар» аз замони ҷорӣ шуданаш (31-уми июли соли 2013 то 1-уми июли соли равон) беш аз 13 млн. сомониро ташкил дод.

«Имрӯз амалисозии лоиҳа амалан ба итмом расида, дар 71 кӯча ва аксари хиёбону майдонҳои шаҳри Душанбе камераҳои мушоҳидаи видеойӣ насб шуданд», – изҳор намуд зимни нишасти хабарии имрӯза вазири корҳои дохилии ҶТ Рамазон Раҳимзода.

Ба саволи журналистон дар бораи аз ҷониби вазир шахсан риоя нашудани қоидаҳои ҳаракати дар роҳ Раҳимзода посух дод, ки шояд бо зарурати хидматӣ ӯ ҳамарӯза ба қоидаҳои ҳаракат дар роҳ риоя намекунад, вале ягон маротиба барои ин ҷарима пардохт накардааст, зеро ӯ дар автомашинаи махсус ҳаракат мекунад.

«Аммо писарони ман барои риоя накардани қоидаҳои ҳаракат дар роҳ, ки аз ҷониби камераҳои мушоҳидаи видеойӣ сабт шуда буданд, ҷарима пардохтанд», – гуфт вай.

Дар идома ӯ зикр кард, ки барои мудом вайрон кардани қоидаҳои ҳаракат дар роҳ, ки тариқи ин камераҳо дар роҳҳои пойтахт сабт шудаанд, 11 нафар корманди милиса аз кор озод шуда, 2 нафар аз мансаб сабукдӯш гардиданд.

Вазири корҳои дохилӣ таъкид дошт, ки аз оғози амалисозии лоиҳаи «Шаҳри бехатар» нишондиҳандаи фавт дар роҳҳои Душанбе панҷ маротиба кам шудааст.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.