Барқияи тасаллияти Эмомалӣ Раҳмон ба сарвазири Малайзия

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмсон Бинобар суқути ҳавопаймои ширктаи ҳавопаймоии Малайзия дар ҳарими ҳавоии Украина ба сарвазири ин кишвар Дато Сри Моҳд Наҷиб Тун Абдулраззоқ барқияи тасаллият ирсол намуд. Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, дар барқияи тасаллияти Эмомалӣ Раҳмон зикр мегардад, ки «мардуми Тоҷикистон бо андӯҳи бузург хабари фоҷиабори суқути ҳавопаймои мусофирбари Боинг-777-и ширкати […]



Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмсон Бинобар суқути ҳавопаймои ширктаи ҳавопаймоии Малайзия дар ҳарими ҳавоии Украина ба сарвазири ин кишвар Дато Сри Моҳд Наҷиб Тун Абдулраззоқ барқияи тасаллият ирсол намуд.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, дар барқияи тасаллияти Эмомалӣ Раҳмон зикр мегардад, ки «мардуми Тоҷикистон бо андӯҳи бузург хабари фоҷиабори суқути ҳавопаймои мусофирбари Боинг-777-и ширкати ҳавопаймоии Малайзияро дар қаламрави Украина, ки муҷиби шаҳодати теъдоди зиёди мардуми бегуноҳ гаштааст, дарёфт намуд».

«Бо изҳори таъзия ва тасаллият ба тамоми мардуми дӯст ва бародари Малайзия аз Ҷаноби Олӣ хоҳишмандам, ки эҳсоси амиқи ҳамдардии моро ба наздикони шуҳадо бирасонанд» – омадааст дар барқия.

Ҳамчунин дар робита ба ин ҳодисаи фоҷеабор президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Шоҳи Нидерланд Виллем-Александр Клаус Георг Фердинанд низ барқияи тасаллият фиристод, ки дар он аз ҳалокати теъдоди зиёди шаҳрвандони Нидерланд дар ин садама изҳори ҳамдардӣ карда мешавад.

Ёдрас мекунем, ки шоми дирӯз дар ҳарими  ҳавоии Украина ҳавопаймои Боинг – 777-и ширкати ҳавопаймоии Малайзия, ки тариқи хатсайри Амстердам – Куала-Лумпур парвоз мекард, мавриди суқут қарор гирифта, дар натиҷа ҳамаи мусофирону ҳайати идоракунундаи ҳавопаймо – 298 нафар ба ҳалокат расиданд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.