Мушкилоти мавриди нигаронии ҳамарӯзаи вазири корҳои дохилӣ

Зимни нишасти хабарии имрӯза вазири корҳои дохилии Тоҷикистон Рамазон Раҳимзода дар посух ба саволи хабарнигори «Азия-Плюс» перомуни мушкилоте, ки ҳамарӯза мавриди ташвиши вазир аст, посух дод, ки дар навбати аввал ӯ бештар аз мушкилоти дар ҳоли афзоиш қарордоштаи ҷинояткорӣ миёни наврасон нигарон аст. Вазир таъкид дошт, ки дар зарфи 6 моҳи соли равон аз ҷониби […]



Зимни нишасти хабарии имрӯза вазири корҳои дохилии Тоҷикистон Рамазон Раҳимзода дар посух ба саволи хабарнигори «Азия-Плюс» перомуни мушкилоте, ки ҳамарӯза мавриди ташвиши вазир аст, посух дод, ки дар навбати аввал ӯ бештар аз мушкилоти дар ҳоли афзоиш қарордоштаи ҷинояткорӣ миёни наврасон нигарон аст.

Вазир таъкид дошт, ки дар зарфи 6 моҳи соли равон аз ҷониби наврасону ҷавонон 3 ҳазору 62 ҷиноят содир шудааст, ки дар муқоиса бо ҳамин давраи соли гузашта, 126 ҷиноят зиёдтар буда,  дар ин давра нисбати волидайне, ки ба риоя накардани меъёрҳои қонун «Дар бораи масъулият падару модарон дар таълиму тарбияи фарзанд» роҳ додаанд, 4 ҳазору 690 санади қонуншикании маъмурӣ тартиб дода шудааст.

«Мушкилоти дигаре, ки ҳамарӯза маро нигарон месозад, ба таҳсили насли ҷавони кишвари мо дар муассисаҳои таълимии динӣ дар хориҷи кишвар аст, ки дар онҳо ба ҷои одамони худотарсу имондор, маъмулан террористону ифротгароёнро омода мекунанд, – иброз дошт Рамазон Раҳимзода.

Ба гуфтаи ӯ, айни замон ҳудуди 150 нафар шаҳрвандони Тоҷикистон дар чунин муассиаҳои таълимӣ дар хориҷи кишвар таҳсил доранд.

«Мушкилоти сеюми мавриди ташвиши доимии ман ҳамчун роҳбари ВКД ва шаҳрванди кишвар ба иштироки тоҷикистониён дар низоъҳои мусаллаҳона дар Сурия, Афғонистон, Покистон ва дигар мавзеи даргири ҷаҳон марбут аст», – қайд кард ӯ.

Вазир таъкид намуд, ки тибқи маълумоти хадамоти махсуси ҷумҳурӣ, имрӯз наздики 200 нафар шаҳрвандони Тоҷикистон дар Сурия меҷанганд.

«Мушкилоти муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир ва истеъмоли он низ мушкилоти рӯзмарраи Тоҷикистони имрӯза аст. Ба гунаи мисол гуфта метавонам, ки бетартибиҳои рухдода рӯзи 21-уми май дар Хоруғ маҳз ба гардиши ғайриқонунии маводи нашъаовар марбутанд», – афзуд вазир.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.