Х.Асоев: Роҳҳоро танҳо баъди муайян шудани марз бо Қирғизистон месозем



Зимни нишасти хабарии имрӯза вазири нақлиёти Тоҷикистон Хайрулло Асозода изҳор намуд, ки масоили марбут ба сохтмони роҳҳо дар қаламрави наздимарзии Тоҷикистону Қирғизистон танҳо баъди ба созиш омадани ҳарду кишвар метавонанд ҳал шаванд.

Ба гуфтаи ӯ, дар навбати аввал бояд масъалаи таъйин ва аломатгузорӣ дар марз миёни Тоҷикистону Қирғизистон комилан ҳаллу фасл гардида, 51%-и марз муайян шудааст ва 49%-и он дар маҳаллаҳои аҳолинишини вилояти Суғд боқӣ мондааст. «Ҳамроҳи гурӯҳи корӣ мо ин қаламравро пиёда тай намудем. Мардум сохтмони роҳро талаб мекунанд. Аз ин рӯ, бо ҷониби Қирғизистон тавофуқ ҳосил намудем, ки пас аз муайян шуданми марз дар қаламрави наздимарзӣ ҳамроҳ роҳҳо месозем», – иброз дошт ӯ.

Асоев таъкид дошт, ки ихтилофҳо миёни Тоҷикистону Қирғизистон дар масъалаи марз чанде қабл дар вохӯрии гурӯҳи кории ҳарду кишвар ва ҳамчунин зимни сафари вазири корҳои хориҷии ҶТ Сироҷиддн Аслов ба Бишкек баррасӣ шуданд.

Номбурда зикр кард, ки ғайр аз ин, ташрифи президенти Қирғизистон ба Душанбе дар назар аст. «Умедворем, ки дар сатҳи сиёсӣ масъалаҳо роҳи ҳалли худро пайдо мекунанд. Ҳамчун вазири нақлиёт ба шумо изҳор медорам, ки агар мухолифатҳои сиёсӣ бартараф ва марз муайян карда шавад, аз ҷониби худ мо масъалаи сохтмони роҳҳоро ҳал мекунем», – афзуд вазири нақлиёти ҶТ.

spot_imgspot_img

Популярное