Бо мақсади омодагии доимии ҳайати шахсии воҳидҳои таъиноти махсуси Вазорати корҳои дохилӣ ва дигар мақомотҳои қудратии кишвар аз санаи 3-юм то 17-уми июли соли ҷорӣ дар заминаи маркази таълимии минтақаи Мағоб воқеъ дар дараи Ромити ноҳияи Ваҳдат курсҳои кӯтоҳмуддати машқҳои махсуси тактикӣ гузаронида шуд.
Бино ба иттилои маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон, дар ин машқҳо хизматчиёни воҳидҳои таъиноти махсуси Вазорати корҳои дохилӣ дар якҷоягӣ бо дастаҳои таъиноти махсуси Гвардияи миллӣ ва Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон фаъолона иштирок намуда, барои маҳв намудани гурӯҳи террористони шартӣ дар шароити кӯҳсор маҳорати касбии худро тақвият доданд.
Ба иттилои манбаъ, дар намоиши асосии гузаронидани машқҳои махсуси тактикии муштарак, ки 19-уми июл баргузор гардид, таҳти роҳбари ситоди фавран созмондодашуда гурӯҳҳои фаврӣ аз ҳисоби хизматчиёни воҳидҳои махсуси Дастаи таъиноти махсуси милитсия, Ротаи махсуси зудамали милитсияи ВКД, дастаи таъиноти махсуси Гвардияи миллӣ ва дастаи «Алфа»-и КДАМ ҶТ дар амалиёти безараргардонии гурӯҳи террористони шартӣ, дигар гурӯҳҳои созмондодашуда, аз қабили фаврӣ-тафтишотӣ, кинологӣ, сӯхторхомӯшкунӣ, криминалистӣ ва тиббӣ барои азназаргузаронии ҷойи ҳодиса, таҳқиқу санҷиш ва бартараф намудани хатар ба фаъолият шурӯъ намуданд.
Дар ин амалиёти махсуси нишондодашуда Вазири корҳои дохилӣ генерал-лейтенанти милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро, Раиси Кумитаи давлатии амнияти миллӣ генерал-лейтенант Ятимов Саймумин Сатторович, директори Агентии назорати маводи нашъаовар генерал-лейтенант Назарзода Рустам, фармондеҳиГвардияи миллӣ генерал-майор Бобоҷон Ҷамолзода, намояндагони Вазорати мудофиа, Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятӣ, дигар сохторҳои қудратии кишвар, сардорони раёсатҳо, воҳидҳои махсуси ВКД ва дигар меҳмонони расмӣ иштирок намуданд.
Барои нишон додани маҳорати баланди касбӣ ва иштироки фаъолона дар курсҳои кӯтоҳмуддати воҳидҳои таъиноти махсуси оид ба омодагии ҷангӣ ва гузаронидани амалиёт дар шароити кӯҳсор бо фармони Вазири корҳои дохилӣ генерал-лейтенанти милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро як қатор кормандону хизматчиёни воҳидҳои таъиноти махсуси ВКД, КДАМ, Гвардияи миллӣ ва барои ҳамкориҳои дуҷониба, намояндагони як қатор сохторҳои қудратӣ ва воситаи ахбори омма бо ифтихорнома, сипоснома ва тӯҳфаҳои арзишнок сарфароз гардонида шуданд.



