Номзадҳо ба вакилии парлумон аз санҷиши донистани забони давлатӣ мегузаранд



Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ (КМИР)-и Тоҷикистон муқаррароти тартиби баргузор намудани санҷиши донистани забони тоҷикӣ барои вакилони сатҳҳои гуногун дар кишварро таҳия намуд.

Роҳбари дастгоҳи КМИР Тоҷикистон Абдуманнон Додоев ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, санади мазкур бо ҷалби коршиносони факултаи ҳуқуқшиносии Донишгоҳи миллии ҷумҳурӣ ва мутахассисони Кумитаи забон ва истилоҳоти назди ҳукумати ҶТ омода карда шудааст.

«Тибқи муқаррарои тасдиқшуда, номзадҳо ба вакилӣ дар палатаи поёнӣ ва болоии парлумон (Маҷлиси намояндагон ва Маҷлиси миллӣ) дар се сатҳ оид ба донистани забони давлатӣ аз санҷиш мегузаранд», – гуфт Додоев.

Ба гуфтаи ӯ, номзадҳо дар ҳузури комиссияҳое, ки аз ҷониби комиссияҳои интихоботи ҳавзавӣ тасъсис дода мешаванд, бо забони тоҷикӣ тарҷумаи ҳоли худро навишта, на камтар аз як саҳифа матни чопӣ мехонанд ва ҳамчунин суҳбати шифоҳӣ мекунанд.

«Сатҳи дониши забони давлатии номзадҳо ба вакилӣ дар Маҷлисҳои вилоятӣ, шаҳрӣ, ноҳиявӣ ва маҳаллӣ танҳо тариқи суҳбат санҷида мешавад», – афзуд номбурда.

Қобили зикр аст, ки мутобиқи меъёрҳои қонунгузории кишвар, маъракаи интихоботи навбатӣ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси олии ҷумҳуриро президенти мамлакат на дертар аз 75 рӯз то анҷоми ваколатҳои вакилони палатаи поёнии парлумон, ки 28-уми феврали соли 2015 ба итмом мерасад, таъин мекунад. Интихобот ба палатаи болоии парлумони Тоҷикистон пас аз 25 рӯзи баргузории интихоботи вакилон ба палатаи поёнии парлумон доир мегардад.

spot_imgspot_img

Популярное