Вазири корҳои хориҷии Ӯзбекистон Абдулазиз Комилов ҷиҳати иштирок дар кори Шӯрои вазирони корҳои хориҷии кишварҳои узви Созмони ҳамкории Шанхай (СҲШ) рӯзҳои 30-31-уми июл бо сафари корӣ ба Тоҷикистон меояд. Дар ин бора ба «Азия-Плюс» як манбаъи огаҳ аз ҳукумати ҷумҳурӣ хабар дод.
Ба гуфтаи манбаъ, дар ҷараёни сафари Абдулазиз Комилов ба Душанбе дидору гуфтушуниди ӯ бо вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷиддин Аслов дар назар аст.
Қобили зикр аст, ки замони раёсати Тоҷикистон дар Созмони ҳамкории Шанхай сафари мансабдори баландпояи кишвари ҳамсоя ба Душанбе дар муносибатҳои ҳарду ҷониб фоли нек дониста мешавад. Дар ҳамаи чорабиниҳои СҲШ, ки соли ҷорӣ дар Тоҷикистон баргузор шуданд, кишвари ҳамсояро мудом муовинони вазирону роҳбарони идораҳои Ӯзбекистон намояндагӣ мекарданд.



