Ҳизби коммунисти Тоҷикистон (ҲКТ) ҷиҳати таҳияи лоиҳаи барномаи пешазинтихоботии ҳизб гурӯҳи корӣ таъсис дод.
Котиби ҲКТ Тоҷикистон, вакили палатаи поёнии парлумон Исмоил Талбаков ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки омодагии ҳизб ба маъракаи интихоботии дар охири моҳи феврали соли оянда пешбинишуда ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҶТ ва маҷлисҳои маҳаллӣ бар асоси нақшаи кории қаблан тасдиқшуда сурат мегирад.
Ба гуфтаи Талбаков, айни замон ҷиҳати баргузории пленуми Ҳизби коммунист дар моҳи сентябр омодагирӣ идома дорад, ки дар он квотаи вакилон ба анҷумани пешазинтихоботии дар моҳи декабр пешбинишудаи ҳизб тасдиқ гардида, рӯйхати ҳизбии номзадҳо ба вакилии парлумон аз ҲКТ муайян карда мешавад.
Дар идома ӯ зикр кард, ки раёсати ҲКТ ба ташкилотҳои ибтидоии худ дар маҳалҳо оид ба муайян кардани номзадҳои эҳтимолӣ ба вакилӣ дар сатҳҳои гуногун бо шумули маҷлисҳои маҳаллӣ дастуру тавсияҳо ирсол намудааст.
«Мо ба бахшҳо дар маҳалҳо дастур додем, ки сарфи назар аз мансубияти ҳизбӣ, шахсони дорои нуфузу эътибор дар ҷомеа ва мутахассисони босаводу соҳибтаҷрибаро ба вакилӣ аз Ҳизби коммунисти Тоҷикистон пешбарӣ намоянд», – афзуд номбурда.



