Вохӯрии Сироҷиддин Аслов бо вазирони корҳои хориҷии Қирғизистону Русия

ASIA-Plus



Имрӯз вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷидин Аслов бо Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Қирғизистон Эрлан Абдилдаев, ки ҷиҳати иштирок дар ҷаласаи навбатии Шӯрои вазирони корҳои хориҷии давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай дар Душанбе қарор дорад, мулоқот намуд.

Бино ба маълумоти департаменти иттилооти Вазорати корҳои хориҷии ҶТ, дар ҷараёни мулоқот масъалаҳои мубрами ҳамкориҳои Тоҷикистону Қирғизистон ва роҳу абзорҳои мавриди қабули тарафайн барои ҳалли масоили мавҷуда дар фазои таъомули созанда ва боэътимод баррасӣ шуданд.

Зимни суҳбат ҳамчунин бар зарурати фаъолсозии муҳовараи сиёсӣ ва иҷрои саривақтии тавофуқҳои ҳосилшуда ҷиҳати рушду таҳкими ҳамкориҳои мутақобилан судманд дар ҳамаи самтҳои мавриди алоқамандии ду кишвари дӯст, аз ҷумла дар соҳаҳои энергетика, нақлиёт, коммуникатсия ва ҳамкориҳои наздисарҳадӣ таъкид гардид.

Ҷонибҳо изҳори боварӣ намуданд, ки мулоқоти дарпешистода дар сатҳи раҳбарони ду кишвар дар ҳошияи Вохӯрии сарони давлатҳои аъзои СҲШ дар ш. Душанбе ба густариши ҳамҷаворӣ ва ҳамкориҳои судманд такони ҷиддӣ хоҳад бахшид.

Дар вохӯрӣ инчунин дар атрофи масъалаҳои мубрами минтақавию байналмилалӣ ва рӯзномаи ҷаласаи навбатии Шӯрои вазирони корҳои хориҷии кишварҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай табодули назари судманд сурат гирифт.

Нимаи дуюми имрӯз мулоқоти Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷидин Аслов бо Вазири корҳои хориҷии Федератсияи Россия Сергей Лавров, ки бо сафари расмӣ ва барои иштирок дар ҷаласаи навбатии Шӯрои вазирони корҳои хориҷии давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай дар Душанбе қарор дорад, баргузор гардид.

Дар ҷараёни мулоқот ҳолат ва дурнамои рушди шарикии стратегӣ ва ҳамкории иттифоқии Тоҷикистону Россия мавриди таҳлил қарор гирифтанд.

Ҷонибҳо масоили мубрами ҳамкориҳои дуҷонибаро дар соҳаҳои сиёсӣ, ҳарбию техникӣ, энергетикӣ, тиҷорату иқтисод, иҷтимоӣ ва фарҳангию гуманитарӣ мавриди баррасӣ қарор доданд. Ба зарурати иҷрои қарордодҳое, ки дар ҷараёни вохӯриҳои сатҳи олӣ, Комиссияи байниҳукуматӣ оид ба ҳамкориҳои иқтисодӣ ва дигар сатҳҳо ҳосил шудаанд ва инчунин  ба масъалаҳои беҳтар намудани шароити будубоши шаҳрвандон ва муҳоҷирони меҳнатӣ дар қаламрави Россия ва ҷалби бештари сармоягузориҳои Россия дар иқтисоди Тоҷикистон таваҷҷуҳи хосса зоҳир гардид.

Ҳар ду ҷониб изҳор доштанд, ки робитаҳои мустақим ва табодули маълумот миёни мақомоти марбутаи ду кишвар бояд фаъолтар густариш ёбанд.

Ҷонибҳо масълаҳои минтақавию байналмилалиро низ мавриди муҳокима қарор доданд. Оид ба вазъи кунунии Афғонистон дар партави ҳаводисе, ки дар ин кишвар рух медиҳанд ва метавонанд пайомадҳои ногуворе дошта бошанд, табодули назар сурат гирифт. Ҷонибҳо бо мақсади тақвияти ҳамкориҳо дар самти пешгирӣ аз чолишҳои амниятӣ имконияти роҳандозии як қатор иқдомҳои муштаракро баррасӣ намуданд.

Масъалаҳои вобаста ба вохӯрии дарпешистодаи сарони ду кишвар, ҷаласаи навбатии Комиссияи байниҳукуматӣ оид ба ҳамкориҳои иқтисодӣ ва Форумаи анъанавии байнипарлумонӣ оид ба ҳамкории  байниминтақавӣ низ мавриди баррасии ҷонибҳо қарор гирифтанд.

Вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Россия дар ҷараёни вохӯрӣ оид ба рӯзномаи ҷаласаи навбатии Шӯрои вазирони корҳои хориҷии кишварҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай табодули назар карданд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии...

 “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 54

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...